Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа
АдабиётШеърКӯдакон
Аз аввал хонданКОМРОНҶОНИ НОЗДОНА
Комронҷони ноздона
Дар ин хона ягона,
Гирди сари Комронҷон
Аммаҷонаш парвона.
Комронҷони сап-сафед,
Лабакояш барги бед,
Нашавед сери дидор
Рӯ ба рӯяш бишинед.
Комронҷон «инго» гӯяд,
Яъне ки «тағо» гӯяд.
– Ман омадам ба дунё,
Куҷо шуд савғо? – гӯяд.
Ҳама дӯконраво шуд,
Як хона пур савғо шуд,
«Инго»-и Комронҷон ҳам
Як пардаҳак боло шуд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё