Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт

Хонандаи азиз, китобе, ки дар даст доред, фарогири намунаи осори садсолаи адабиёти бачаҳои тоҷик мебошад. Ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шеър ва ҳикояҳои си нафар адибон, ки шуморо ба некукориву покию меҳру вафодорӣ ҳидоят менамояд, гирд оварда шудааст.

Умед дорем, ки мутолиаи шеъру масал, ҳикояву афсонаҳои ин китоб дар замири дили шумо меҳру муҳаббат нисбат ба волидайн ва муқаддасоти Ватанро даҳчанд хоҳад кард.

САДРИДДИН АЙНИЙ

Сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони хонигарии Бухоро таваллуд ёфтааст.

Аз соли 1895 тахаллуси «Айнӣ»-ро қабул ва бо ҳамин ном шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст.

Асарҳои эҷодкардаи ӯ «Ҷаллодони Бухоро», «Ғуломон», «Дохунда», «Ёддоштҳо», «Намунаи адабиёти тоҷик», рисолаҳои илмӣ дар хусуси ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ, Ибни Сино, Саъдӣ, Навоӣ, Бедил, Восифӣ ва дигарон мебошад.

Осори адабию илмии Устод Айнӣ дар Куллиёти 26 ҷилда гирд оварда шудааст.

Устод Айнӣ ба адабиёти бачагона диққати махсус дода, солҳои 1935-1940 қиссаҳои «Мактаби куҳна» ва «Ятим»-ро ба хурдсолон пешкаш намудааст.

Садриддин Айнӣ соли 1997 бо фармони Президенти Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори унвони олӣ — аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон гардонида шуд.
Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
15 июли соли 1954 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст. Марқади ӯ дар «Боғи Устод Айнӣ» (шаҳри Душанбе) қарор дорад.

аз 184
навбатӣ