Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Модарам! Пагоҳиҳо ҷома мепӯшад вай. Одаташ ҳамин.

Нашъаи субҳро дар хонаи мо нахуст ӯ мешамад. Маҳу ахтаронро мегуселонад, хуршедро истиқбол мекунад. Бародарону хоҳаронам дар хоби нозанд. Оҳиста, хеле оҳиста бадар меравад, ки шарфаи пояшро нашнавем, бедор нашавем. Сатили пури таритро аз гӯшаи долон бардошта, мебарад ба пеши «гови шарбатӣ». (Ин говро аз амаки Шарбат харида будем). Чонвар гӯсолачаи навзодашро мелесад. Се рӯз боз дар хонаи мо ид буд. Шоднамро ҳудуд набуд, ки дигар дугу маскаву ҷургот кофта намегардем, шикамсерӣ мехӯрем. Омад-омади модарамро фаҳмида, модагов садои нолишомез мебарорад. Ва дигарбора бачаашро мелесад, мебӯяд. Ҳайвони рамузфаҳм сатилро бӯ кашида, мехезад. Модарам пешонаю пушти шиками онро аз меҳрубонӣ мемолад, чорӯб намезанад, ки озор меёбад. Забондонӣ ҳунар будааст. Яздигарро ин қадар хуб мефаҳманд-о. Гов аз ёми согу лӯқашро наканда, харисона мехӯрад. Модарам сатилеро ба таки пистонҳои ӯ монда, нарм-нармак мекашад аз ҷочҳои таранг, медӯшадаш. Ба сатил гӯё шир не, як навъ моеъи зардунамо мерезад. Саме сабук мешавад чонвар.

— Ана, ҷонакат дамид, хӯрдан бигир, — қаноатманд хеста, сатилро гирифта меравад модарам.

Ва сатили фалларо аз сими гӯшакҳои хамида ба мелоки шоҳтут меовезад. Пагоҳ иншоаллоҳ, шир медиҳад модагов. Имрӯз модарам фалла мепухт. Вай рафта аз тали гӯзапояи паси бом як дарза меканал. Нисфашро шикаста, ба таки дегдон мегузорад. Аз қуттича ба болояш рӯған рехта, гӯгирд мезанад. Карсас месӯзад гӯзапоя. Фаллаи навҷӯшида андаруни дег меҷӯшад. Дар оташи фурӯзон чеҳраи хунукхӯрдаи модарам лолагун метобад. Ба пиндорам, нест дар дунё зане хушрӯву ширинсухан, фозил ва барнову солиҳатар аз ӯ.

Ҳине фаллаи дег ҷӯшида-ҷӯшида кафк мезанад, оташи такаш сӯхта-сӯхта хокистар мешавад. Вай дар чиниҳо чолокона гармогарм фалла мекашаду ба хонаи ҳамсояҳо мебарад. Фаллаи гармро дар дили наҳор нӯши ҷон карда, ба арвоҳи гузаштагони мо борони раҳмат меборад. Пораи нон бе намакхӯрдаҳо аз гулӯяш намегузарад.

Падарам дар аспхона Раҳшро зину афзор задан дорад. Ӯ кайҳо боз дар он ҷост. Ба тан пиҷҷаки пахтагин, дар поҳош мӯзаҳои

пешина
аз 314
навбатӣ