Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Аз сабаби камогоҳии мо бузургсолон аст, ки муҳимтарин давраи таълиму омӯзиш, ба истилоҳ «давраи тақдирсоз»-и инсон дар бештари маворид бенатиҷа мемонад. Ҳатто одитарин рафторро бо кӯдакон риоят намедорем, дар сурате, ки худи онҳо - бидуни кӯшише аз ҷониби мо - «илтиҷо»
мекунанд, ки ин ё он чиро бароишон фаҳмонем, ки «ин чист», «он кадом аст», «барои чӣ чунин аст»
ва «чаро»-ҳои бисёри дигар, ҳол он ки дар ин роҳ ташаббуси аввал ва чаҳду талош бояд моро бошад, на кӯдакро. Яъне, мо намехоҳем бифаҳмонем ва кӯдак наметавонад аз дигар тариқ дарёбад, ки дар натиҷа нерӯи ақлонии ӯ заифу нотавон ва бад-ин сабаб ояндаи волидайну кӯдак тира мегардад.
Яке аз сабабҳои асосии адами ихтироъкории илмӣ дар ҷамъиятҳову давлатҳо суст будан ва ё умуман мавҷуд набудани низоми одитарини таълими дониш барои кӯдакон то ҳафтсола дар шароити хонаводагист. Ҳисси ихтироъкории инсон дар шаш соли аввали ҳаёташ чунон фаъол аст, ки бартар аз ҳама давраи умри боқимондаи ӯст. Тамоми кӯдакони то шашсола ҳама нобиғаанд, ба он шарте, ки дар ин давраи ҳаёт бо онҳо бештар машғул буда бошем. Илм исбот кардааст, ки кӯдакон дар ин синну сол ба манзалаи олимон ниҳоят кунҷкованд ва дар ин ҷода низ имкони муваффақият барои кӯдак бештар аз олим аст.
Донишмандон бад-ин хулоса омадаанд, ки кӯдак то ба мактаб рафтан бояд се чизи ақлониро фаро бигирад:
- хондан;
- дониши донишномаӣ (энциклопедӣ) гирифтан;
- ҳисоб кардан.
Агар кӯдак бо ин се мусаллаҳ гардад, муҳаббати ӯ ба илми ҳисоб якумр дар замираш ҷой гирифта, дар фаҳму дарки ашёи олам ниҳоят ҳушёр мегардад ва қобилияту зеҳнаш ба ҳам меояд. Ва ҳам собит шудааст, ки агар кӯдак дар ин ҳангом донишҳои одитарини донишномаиро фаро бигирад, пас метавонад дар бистсолагӣ бидуни мушкилие пешвои илм гардад. Дар навбати аввал кӯдак бояд хонданро ёд бигирад, ки асоси тамоми муваффақиятҳои баъдии ӯст. Омӯзонидани кӯдаки яксола ба маротиб аз омӯзонидани кӯдаки ҳафтсола осонтар ва сермаҳсултар аст. Кӯдак дар сесолагӣ метавонад озод хонаду нависад. Аммо бедор намудани чунин ҳис дар кӯдак набояд бо роҳи таҷаббур бошад, балки бо оҳистагӣ ва дар ибтидо бозигуна сурат бигирад, то хоҳиш пайдо кунад, дар акси ҳол завқу шавқи ӯ дар ин ҷода аз миён меравад. Дар ҳолати дуруст ба роҳ мондани амали омӯзиш метавон дар ин давра заминаи комили нобиғаи ояндаро гузошт, ки на танҳо бузургтарин муваффақияти кӯдак, балки таъмини хушбахтӣ барои ҳаёти минбаъдаи ӯ, волидайн ва дар ниҳоят миллату давлат аст.
Фаҳму дарк кардан аз илму дониш гирифтан тафовут дорад. Кӯдакон ба истилоҳ «арбоб»-и фаҳму дарканд, фақат ин, ки мо то кадом ҳад ононро дар шароити хонаводагӣ аз ин неъмат огоҳ мекунем. Кори тадриси илму дониш дигар аст, яъне амали мактабист. Ба ибораи дигар, вазифаи донишномаҳои бачагона таҳқиқи ашёи моддию маънавии олам барои кӯдакону наврасон ва бедор кардани шавку завқи онҳо ба дарёфти маонии илму дониш аст...
Дар ин авохир, зарурати амри мазбур аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дарёфта шуд ва эшон сентябри соли 2012 ба Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик супориш доданд, ки тарҳи барномаи Шуъбаи махсуси Донишномаи кӯдакон ва наврасон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намояд. Тарҳи барнома пешниҳод шуд ва ҷаноби Президент розӣгӣ доданд, ки Вазорати молияи Тоҷикистон мутобиқи барномаи мазкур аз соли 2014 барои таъсиси Шуъба ва ба роҳ андохтани таълифу тадвини донишномаҳои гуногуни бачагона мусоидат намояд.
Инак, аввалин донишномаи кӯдакону наврасон дар доираи «Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007 №85) барои ҷомеаи Тоҷикистон пешкаш мегардад, ки он барои бачагони аз 8-сола боло таҳия шуда, ба шакли мухтасар аз донишҳои гуногун маълумот медиҳад. Чунин ин китоб таҷрибаи аввалини донишноманависии кӯдак дар Тоҷикистон аст, албатта, бе нақсу камбуд нахоҳад буд, агар наксе мушоҳадаи хонадаи азиз гашт, таманнои онро дорем, ки бо лутфи хеш моро огоҳ созанд, то дар нашрҳои минбаъда аз паи ислоҳи он бошем.
Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё