ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа
Мақсуд ОРИФ
ОРИФНОМА
(Ҷилди 2)
Хуҷанд 1. Оид ба маъонии машғул будан дар салот (намоз).
Сар чу бар саҷҷода бо ҷаҳд мебарӣ,
Пардайи маҳрам зи қолаб медарӣ.
Байни ту ва Холиқат дигар ҳиҷоб
Нест, бародар, чун бараҳнай зери об.
Чунки, зоҳир Ӯ ва ботин Ӯст, бин,
Зар Ӯ ва ҳалқа Ӯву ту нигин.
Дӯст дорад гар саре орад фуруд,
Дар ситоиш, банда, дар шукру суҷуд.
В-ин адаб гашт байни халқ чун бар кибор,
Боадаб таъзим кунад дар басти кор.
Дасти рост бар сина бурдан, низ дон
Аз нишони одоби бандагон.
Пеши дил даст бо самим сар мебарад,
Пардайи сахти дилеро медарад.
Чун дарид парда, шавад бораҳму нарм,
Об кунад дил кинаро чун шуд гарм.
Пас, кӣ орад назди мардум сар фуруд,
Бар вайе аҳли фалак хонанд дуруд.
В-он, ки кард дар таъзимаш чашмон паст,
Эҳтиёт кард дасти дил аз кори шаст.
Мардум гӯяд: Менагирад теғи тез,
Гар бувад хам назди он як марди без.
Дигар он аст: мафтуни кибру фахур,
Ҳеҷ надорад арзише, ҳатто ба мӯр.
Гӯри чунин, - гуфтаанд, - ояд чуқур,
В-ӯ нагунҷад чун шавад танг он гӯр.
Он, ки дар кибр шуғл варзад, з-он Дор
Маҳрум мегардад ба ҳукми Кирдугор.
Пас, кӣ аст марди фахур? – Гарданпеч,
Мағруру аз оқибат нодида ҳеҷ.
Рав, бихон “Ёсин”, бихон “ағлол ъунуқ”
То шавад фаҳмат мукаммал з-он шуқуқ.
Кун қиёсу гӯ ба мо: Оё хам
Метавонад карда бошад муттаҳам?
На! Чунин нест, занҷире дар гарданаш,
Кардааст сарро ҷудо аз ин танаш.
З-ин сабаб, ӯ сар ба дил н-орад фуруд,
Бин, Худо андар дилу дар он вуҷуд.
Хуб, зиёд гуфтем дар ин бобат ҳарф,
Гашта оем бар салоту шуғлу жарф.
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
инна фи-с-салоти ла-шуғлан”, яъне, дӯстам, “... дар салот, машғулият вуҷуд дорад”. Пас, “салот” чисту дӯстам, “машғулият” чист?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё