ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
БА НОМИ ХУДОВАНДИ БАХШАНДАВУ МЕҲРУБОН
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ
Дини мубини Ислом мақоми падару модарро ба мартабае бардоштааст, ки башарият дар динҳои дигар онро ёд надорад, зеро Аллоҳ таъоло Имон овардан ва парастидани Зоти худро ба эҳсону некўӣ кардан ба падару модар як ҷо зикр намудааст. Ў мефармояд:
«Ва Худоро бипарастед ва чизеро шарики вай қарор надиҳед ва ба падар ва модар накўкорӣ кунед». (Сураи Нисо:36)
Солҳо бар ту бигзарад, ки гузар Накунӣ сўйи турбати падарат.
Ту ба ҷойи падар чӣ кардӣ хайр, То ҳамон чашм дорӣ аз писарат.
Саъдӣ
Бобои Собири 89-сола, ки худро падари дилшикастаю бахтбаргашта медонист, дар дами вопасин, охирин маротиба дар назди қосиди марг, яъне Малакулмавт (ҳазрати Азроил) ба ҷоҳилию нодонии хеш иқрор шуда аз гуноҳони гузаштааш як ба як ҳисобот медод. Баъди ин ҳисоботи сангину тўлонӣ ҷони азизашро бо сахтиҳои зор ба даргоҳи Ҷаббор супорид.
Ў дар ҳолате ҷон дод, ки аз ваҳми маргу Малакулмавт лабонаш хушкида, бо ҳам гўё ширеш карда шуда буданд.
Забонаш чун биёбони беоби ташналаб сўхта, пора-пора гашта, дар комаш часпида карахт гашта буд. Ду чашмони калон-калон кушодааш, ба як нуқтаи коси (шифт) хона нигарон чизеро меҷуст. Ашки ҳасрат қатра-қатра аз чашмонаш ҷорӣ шуда, болини аз чирк зардгаштаро тар мекард. Ҷонзоде дар атрофаш наменамуд, ки бо пахта дар даҳонаш об чаконаду лабҳои ҷазак бастаашро тар кунад.
Ку фарзанди қобиле, ки селаи магасони бар сару рўяш нишастаро биронад?! Куҷост хешу табори мўъмину мусулмоне, ки бо такрор исми поку бузурги Худои Барҳақ, калимаи «Аллоҳ»-ро бо такрорҳои пайдарпай дар забонаш ҷорӣ кунад?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё