Зеҳн
ҲУНАРМАНДОНИ ДЕҲАИ ВОРЎ

Фарҳанги мардумии деҳаи Ворӯ бо хусусиятҳои махсуси маҳаллии худ ва ҳам наздикии ҷуғрофӣ бо шаҳри қадимаи Саразми аҳди энеолит ва асри биринҷӣ бештар таваҷҷуҳи мардумшиносонро ҷалб намуд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 50 саҳифа

Санъат
Аз аввал хондан

БОЛООБИ ЗАРАФШОН ҲАМЧУН МИНТАҚАИ ТАЪРИХӢ-ФАРҲАНГӢ

Зарафшон минтақаи калонтарини ҷараёни дарёҳои Осиёи Миёна мебошад, ки дар он як навъ падидаи фарҳангӣ ба вуҷуд омадааст, ки дорои суннатҳои хоси худ аст. Деҳаи Ворӯ дар ҷамоати Ворӯи ноҳияи Паҷакенти вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 ноябри соли 1930 таъсис ёфтааст, ҷойгир мебошад. Ноҳияи Панҷакент дар шимол, ҷануб ва ғарб бо Ҷумҳурии Ўзбекистон, дар шарқ бо ноҳияи Айнии вилояти Суғд ҳамсарҳад мебошад. Ҳудуди ин ноҳияи маъмурӣ қисми миёнаи ҳавзаи дарёи Зарафшонро ишғол мекунад (ҳудуд 3670,9 кв. км аҳолӣ - 306 ҳазор нафар), ки онро қаторкӯҳҳо: дар шимол Туркистон, дар марказ Зарафшон, дар ҷануб Ҳисор мебуранд. Ҳудуди он аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ба ду қисм тақсим шудааст.
Қисмати шимолӣ заминҳои кишоварзӣ водии васеъи Зарафшонро ишғол намудааст, ҷанубӣ бошад ҳудуди кӯҳистони васеъи миёни қаторкӯҳҳои Зарафшонро.
Ба ҳайати ноҳияи Панҷакент 1 шаҳр - маркази маъмурии ноҳияи Панҷакент, инчунин 14 ҷамоат:
Амондара, Ворӯ, Ёрӣ, Лоиқ Шералӣ, Косатарош, Моғиён, Саразм, Суҷина, Рӯдакӣ, Халифа-Ҳасан, Хурмӣ, Чанор, Фароб, Шинг дохил мешавад. Ҷамоати Ворӯ (аҳолӣ 9,968 ҳазор нафар, дар соли 2010), ки ба ҳайаташ деҳаи Ворӯ ворид мешавад, дар шимолу ғарбии Тоҷикистон ҷойгир аст.
Роҳҳои тангу санглохи Болооби Зарафшон, деҳаҳои онро, ки лаби дарёи Зарафшон ва шохобҳои хурду калони он, бо заминҳои киштшуда ва боғҳо дар нишебиҳои кӯҳ тул кашидаанд, пайванд месозанд. Ҳарорати миёнаи ҳавои зимистона дар Кӯҳистони Зарфшон, бо истиснои қисмҳои баланкӯҳ (Шаҳристон ва Анзоб) нарм буда, тобистонаш гарм аст.
Мафҳуми калимаи Зарафшон “Заррез”, “Заррин” мебошад. Муаллифони асримиёнаги онро “Дарёи Суғд” ё “Дарёи Бухоро” номгузори кардаанд, таърихшиносони ҳаракатҳои Искандари Мақдунӣ Страбон, Клавдий, Птоломей онро ҳамчун «арҷманд, машҳур” маънидод намудаанд.

пешина
аз 50
навбатӣ