Зеҳн
ҲУНАРМАНДОНИ ДЕҲАИ ВОРЎ

Фарҳанги мардумии деҳаи Ворӯ бо хусусиятҳои махсуси маҳаллии худ ва ҳам наздикии ҷуғрофӣ бо шаҳри қадимаи Саразми аҳди энеолит ва асри биринҷӣ бештар таваҷҷуҳи мардумшиносонро ҷалб намуд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 50 саҳифа

Санъат
Аз аввал хондан

Ҳангоми омӯзиши минтақаҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистони муосир, мисли пештара хислати этникии мардуми маҳаллӣ, ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, олоти асосӣ вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ шартан ба "шимолӣ" ва "ҷанубӣ"
тақсим мешавад. Аммо, муҳаққиқи маъруф Л.А.Чвир дар чунин “таснифи ҷуғрофӣ” як санъати муайянеро дарк кардааст, зеро ба ақидаи вай, дар кишвар бисёр маҳалҳо ё гуруҳи маҳалҳои тоҷикнишине дар доманакӯҳҳо, соҳилҳои дарёҳо ҳастанд, ки сокинони онҳо нигоҳдорандагони хусусиятҳои қадимаи этноси тоҷик мебошанд.2 Зери мафҳуми “ҷамоаи маҳаллӣ” як ҷамоае, ки дар қаламрави муайян зиндагӣ мекунанд ва ҳамдеҳаю ҳамсоя мебошанд, дарк карда мешавад. Дар ҷамоатҳои маҳаллӣ, ҳаёти шахс комилан дар асоси қонуниятҳои дохилии он сурат мегирад, аз ин рӯ, аксари маълумотҳои этникиро метавон аз дохили чунин ҷамоаҳо дастрас кард.3 Ҳамин тариқ, ягонагии халқи тоҷик ба гуногунрангӣ, сарватмандӣ ва тағирёбии истисноии гурӯҳҳои «ҷуғрофӣ», «маҳаллӣ» асос ёфтааст, ки бисёрвақт нигоҳдорандаи фарҳанги миллӣ мебошанд. Албатта, хусусиятҳои маҳали ҷуғрофӣ ба тарзии зиндагӣ, хоҷагидорӣ ва дар маҷмӯъ анъанаҳои ҷамоатҳо таъсир мерасонанд. Кушодашавии

1 Веселовский Н.И. Отчёт о работах в Средней Азии в 1884-1885 гг.// Отчёт Археологической комиссии за 1882-1888 гг. - СПб, 1891. - С.LXV-
LXIX.
2 Чвырь Л. А. Локальные группы среднеазиатских таджиков (Научная и народная точки зрения) // Этнокогнитология. Вып. 2. Этносознание. М., 1996; Она же. О структуре таджикского этноса (Научная и народная точки зрения) // Расы и народы. Вып. 27. М.: Наука, 2001; Она же.
Заметки о культурном единстве оседлых туркестанцев. //Среднеазиатский этнографический сборник-М. 2006. -С. 3.
3 Барбашин М.Ю. Институты и этногенез: институциональное воспроизводство этнической идентичности в локальных сообществах. - Ростов на Дону, 2012. -С.68.

пешина
аз 50
навбатӣ