Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Растанипарварӣ
Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Тоҷикистон аз рўи дараҷаи таваллуд ва рушди бо суръати аҳолӣ аз дигар ҷумҳуриҳо фарқ мекунад. Дар назардошти ин таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ ва ҳалли он яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеа ба шумор рафта бевосита ба сатҳ ва маданияти зироаткорӣ вобаста аст.
Тоҷикистон диёри кўҳистонест, ки бо шароити гуногуни табиӣ ба худ хос аз дигар кишварҳо ба таври куллӣ фарқ мекунад. Заминҳои корами он ҳамагӣ 7%-и масоҳати умумиашро ташкил медиҳанд.
Майдонҳои киштбоб 905,6 ҳазор гектар буда, аз ин миқдор 44 фоизаш масоҳати кишти зироатҳои ғаллагӣ ташкил медиҳад. Сарҳади зироатчигиаш бошад, то баландии 3000 метр аз сатҳи баҳрро ишғол кардаасту халос.
Дар ҷумҳурӣ минтақаҳои зиёду гуногуни хокию иқлимӣ мушоҳида мешаванд. Онҳо ба таври амудӣ аз биёбонҳои баландкўҳи Муроб, пиряхҳои Помир, марғзорҳои алпии Қаротегин то ҳамвориҳои води хушку субтропикии Вахш тўл кашидаанд.
Инсолятсияи шадиди (интенсивии) офтоб, пастубаландшавии тезтағирёбандаи ҳарорати ҳаво дар давоми шабонарўзу мавсимҳои сол, нобаробарии миқдори боришот дар минтақаҳои гуногун, Ки бештар дар фаслҳои баҳору зимистон рост меоянд ва тобистони хушк хусусиятҳои фарқкунандаи иқлими Тоҷикистон мебошанд. Чунин нишондодиҳандаҳои иқлимии минтақаҳо аз аҳамияти калони инкишофи зироатчигии обӣ гувоҳӣ медиҳад.
Иқлими Тоҷикистон хушку континенталӣ буда, дар баландии 300- 500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, гарм аст. Зироатҳои гармидўст асосан дар водиҳои киштукор карда мешаванд.
Зироатчигии бисёрминтақавӣ, ки дорои хусусиятҳои хос аст, аз мутахассисон талаб мекунад, ки масъалаҳои растанипарварӣ вобаста ба шароитҳои аниқи истеҳсолот эҷодкорона ҳал карда шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё