Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Ҳар боре, ки олимони мардумшиносро дар ин деҳа дучор меоям, аз ҳаёти имрӯза шукронае карда, аз дил мегузаронаam, ки инсонҳои бомаърифаттарини миллатанду гузаштаро омӯхта, ба имрӯзу фардо баҳо медиҳанд ва билохир кори хайреро ба сомон мерасонанд.
Солҳои охир доктори илмҳои таърих Икромиддини Муҳиддин бештар аз як моҳ дар Қаратоғ буд ва ба омӯзиши касбу кори зироаткорию боғдорӣ ва обёрӣ шуғл варзид.
Дар асл камина таърихшиносу адабиётшинос нестам, касбам табиатшинос, аммо нисбат ба мардумшиносӣ муҳаббате дорам, соли сездаҳум аст, ки худ- омӯзӣ мекунам. Маводи ин рисола «Қаратоғ ва ноҳияи Турсунзода» дар шакли бештар аз 40 мақола дар рӯзномаҳои ноҳияю ҷумҳурӣ ба табъ расони- данд.
Соли 1985 нашриёти «Ирфон» китобчаеро бо но- ми «Баъзе тавсияҳои методӣ доир ба омӯзиши мате- риалҳои кишваршиносӣ дар курси географияи табиӣ ва иқтисодӣ» ба табъ расонд, ки он ҷо низ баъзе маълумотҳои ин китоб дохил шудаанд. Китобча бо ҳамкории мудири ҳуҷраи ҷуғрофияи Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимони шаҳри Душанбе Қо- дири Ятимзода ба чоп расид.
Ҳангоми навиштани рисола бо бештар аз 100 на- фар пирони аз 60 то 96-солаи деҳаю ноҳия сӯҳбат кардем. Пирони барнодилу асрордида вақти хешро дареғ надониста ба банда кӯмак расонданд. Ба онҳо аз самими дил сипосгузорам.
Навиштани рисола имконият фароҳам овард, ки бештар аз 3000 расму аснот, дастхату варақаҳо ҷамъ шаванд. Гирдовардҳо боиси пайдоиши ду осорхона дар як деҳа гардид. Яке осорхонаи санъати амалию халқии ба номи М. Турсунзодаи деҳаи Қаратоғ, ки соли 1989 мақоми давлатӣ гирифту осорхонаи 16-уми ҷумҳурият шинохта шуд ва осорхонаи дуюм, осорхо- наи кишваршиносии мактаби миёнаи № 12-и деҳаи Қаратоғ мебошад.
Қисмати аввали рисолаи «Қаратоғ ва ноҳияи Турсунзода» дар бораи таърихи деҳаю ноҳия ва қисмати дуюминаш оид ба ҷуғрофияи табиию иқтисодии деҳаи Қаратоғу ноҳияи Турсунзода баҳс менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё