Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
рахсипор мешуданд. Ва мешуд, ки онҳо аз синни наврасӣ то дами пирӣ илму дониш аз бар карда, хизмати пирони роҳи тариқатро ба ҷо оварда, саранҷом чун шахсияти маъруф ё ҳуҷҷатулислом, донишманду раҳнамо бо кулборҳои пур аз китоб ба зодгоҳ баргашта, ба сохтани масҷиду мадрасаҳо ва таълиму тадриси фарзандон камар мебастанд. Ва пушт ба пушт ба сифати мубаллиғони дини мубини ислом, адлу инсоф ва пуштибони мардум талош варзида, сазовори эҳтирому эътирофи хосу омм мешуданд. Хушбахтона, дар водиву зовияҳои Хатлонзамин номҳои шарифи уламои маъруфи дини ислом, эшону машоихи бузургвор, ки бо каромот ва раиятпарварии худ шӯҳрат доштанд, то ҳанӯз дар ёди мардум ба некӣ мондаанд. Эшони Махдуми Алааспа алайҳирраҳма аз зумраи он мардони Худо буданд, ки баъди хатми мадрасаҳои Бухорои шариф ба зодгоҳ баргашта, дар ин қаламрав чароғи дини мубини ислом ва илму ирфонро фурӯзон нигоҳ дошта, барои аз торикии ҷаҳлу нодонӣ раҳонидани мардум ва сарсабз нигоҳ доштани ниҳоли маърифат бедарег заҳматҳо кашидаанд.
Дар зеҳни ман аз овони кӯдакӣ номи бузургвор Эшони Махдуми Алааспа (а) нақш бастааст. Чун пирони деҳа дар ҳуҷраи мо гирд меомаданд ва аз уламои соҳибкаромату мардони наҷиб сухан оғоз меёфт, ҳатман исми шарифи Ҳазрати Эшони Алааспаро бо ифтихор ба забон оварда, дар ситоишаш мегуфтанд: ба ҷое савори аспи хушсурати ала сафар мекарданд, хурду бузург ба гӯсели Ҳазрати Эшон мебаромаданду аз ӯ дуо металабиданд ва ба деҳе мерасиданд, боз хурду бузург ба пешвозашон мешитофтанду аз он кас фотиҳа мехостанд. Ба ҳар ҷое қадами мубораки Эшон мерасид, файзу футӯҳ мерехт ва аз сӯҳбаташон мардум олам-олам баҳра мебардошт. Оре, Эшони Махдуми Алааспа чун машъали нурафкани маърифат, ҳомии адолат ва тарғибгари тавонои дини мубини ислом дар ёди ҳамдиён, пайвандон ва муридон мондааст. Сад ҳайф, ки солҳои таъқибот ӯ ва ҳаммаслакони бешумори донишмандаш тӯҳмаи дасиса ва қурбонии сохти нав шуданд. Ва дур аз ӯру диёр, дар даштҳои хушку дилбазан ва ҷангалзору яхистонҳои мудҳиши Сибир зери таҳқиру шиканҷа ғарибона, бо оҳу ҳасрат ҳалок шуданд... Боиси хурсандист, ки то имрӯз дар ватан тухмаи Эшони Алааспа боқӣ монда. Ва наберагони Ҳазрати Эшон ба хотири зинда гардонидани ном ва талошҳои бобои бузургвору донишманди худ камари ҳиммат бастаанд.
Ин китоб низ кӯшишест дар шинохт ва ба мардум ошно сохтани рӯзгори пурфоҷиаи ҳазрати Эшони Алааспа:
Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Абдулҳамид Самадӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё