Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
экроми онҳо — эшонҳои бузург низ коҳиш ёфт, дар ҳар қадам таъқибашон менамуданд, то сухане аз боби зулму истибдод нагӯянд. Не, Худои мутаъол инсонро озод офаридааст, бандагиро ҷуз ба худаш намеписандад. Ӯро дар рӯи замин ҷонишин, халифаи худаш хонда, ки обод кунад, дар мӯҳлати кӯтоҳи умраш хушу хурсандӣ намояд, аммо ҳеҷ гоҳ бе ёди ӯ нашояд зияд. Аммо ҳирси нафсро, ки мӯҷиби аз равзаву ризвон ронда шудани Одами сафиаллоҳ гашт, аз дилаш нагирифт. Дареғо, ки қисми ками одамизод аз ин маъқӣ огоҳӣ дорад ва боз онҳое, ки худоогоҳанд. Магар пайғамбарамон Ҳазрати Муҳаммад салаллоҳу алайхи васаллам ҳирси нафсро, кинаву адоватро аз қалби бандагонаш накандӣ, нагирифтӣ? Тавба кардам, оне ки худат медонӣ, худат медонӣ, дар шабистони розат ҳеҷ кас роҳ намеёбад. Бинигар дар ин водиҳо чӣ шоҳу амалдороне давр гузарониданд? Чӣ қадар шиҳаи аспон, зарби шамшерҳо, нолаи маҷрӯҳон, табли шодии фотеҳон гӯши фалакро кар кард. Дилии Бозор калонтарин маркази тиҷоратии шоҳони Хатлони қадим ба шумор мерафт. Ҳазрати Мир Сайиди Алии Ҳамадонӣ, ки аз фарҳанги баланди уламоҳои хатлонӣ огоҳӣ дошт, ин ҷоро хокдон ихтиёр намуд. Сабр бояд кард, шукр бояд гуфт, - аз дил мегузаронд мӯйсафед, чун корвони сафаракиҳо теппаи Дилиро баромада ба ҳамворӣ расид.
Қабилаи онҳо қабл аз сафар беҳуда марзу буми ин диёрро пазиро нашуд. Чӣ қадар бузургон дар ин сарзамин хоку туроб гаштаанд. Хоки бофайзу бобаракат, илму адабпарвари Хатлон, мардуми якрӯву якдил, худотарсу ҷасури Кӯлоб - марқадҳои Ҳазрати Султони Вайси Қаранӣ, Имом Ҷаъфари Содиқ, Шоҳ Неъматуллоҳи Зарробӣ, Хоҷа Аюби Ансорӣ, Сайдамири

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё