Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
ба аъзои хонадонам шуд. Дар асари ин хатару таҳдидҳо ман маҷбур шудам, ки фарзандону бародаронамро ба хориҷи кишвар бикӯчонам. Аз ҳамин рӯ, насли баъдии хонадони мо дур аз Ватан бузург шуд ва табиист, ки донишаш дар бораи аслу насаб ва урфу расми мардуми Ватану диёраш комил нест. Мусаллам аст, ки теъдоди чунин ҷавонон, ки мисли насли нави оилаи мо, бо сабаби ҳарҷу марҷи рухдода аз Ватан берун шуданд, хеле зиёд аст. Яке аз рисолатҳои ин китоб, каме ҳам бошад, шинос намудани ҳамин насл ва ояндагони онҳо бо гузашта, фар ҳанг ва аслу насаби худашон аст.
Ман дар фаъолияти соҳибкорӣ бо хориҷиён зиёд ҳамкорӣ кардаам. Шояд аз сабаби баста будани фазои Шӯравӣ, хориҷиён дар бораи Иттиҳоди шӯравӣ ва Тоҷикистони биҳиштосои ман қариб ҳеч чиз намедонистанд ё огоҳии дуруст надоштанд. Савол ҳояшон дар бораи низоми Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандии То ҷикистон аҷибу ғариб метофт. Аввалин саволе, ки дар бораи Иттиҳоди шӯравӣ медоданд, тақрибан, якто буд: «Шӯравӣ хуб буд, ё бад?». Ин савол ба он монанд аст, ки дунёро фақат ба ду ранг бибинӣ – сафед ва сиёҳ. Магар мешавад кишвареро бо он азамат ва низомеро бо он ҳама дастовард бо як вожаи хуб ё бад баҳо дод?
Ё, масалан дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ саволи асосиашон ин буд, ки мо бо кӣ ҷангидем? Гумон мекарданд, ки гурӯҳҳои исломие аз хориҷ ба кишвар ворид шуда бошанд ва ғайра.
Табиист, хотираҳои нафаре, ки дар Иттиҳоди шӯравӣ ба камол расида, дар тӯли зиёда аз сӣ соли охир пайваста дар Ду шанбе зиста, шоҳиди таҳаввулоту кашмакашҳои замони пош хӯрии Иттиҳоди шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлол ва ҷан ги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон будааст, метавонад ба қисме аз ин саволҳо ҷавоб бигӯяд ва инчунин, шоҳидии муаллиф дар рӯй доди воқеаҳо барои қишри васеътари ҷомеа ҷолиб бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё