МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Қиссаи бобои парҳезгори ту сирф афсонаро мемонад.
Бе ягон муҳобот.
– Ҳар чӣ бошад, дар замонаш ин фирқа одамон вомехўрданд. Сода, шояд баинсоф. Боз кӣ медонад...
– Хуб, баъд чӣ мешавад?
– Тоҷир, – ба ҳикояташ давом медиҳад Ҳотамбек, – аз рафтори вай ангушти ҳайрат газида, ба бобокалони банда ҳазор раҳмат мегўяд, ки ягона фарзандаш ба чунин чашму дили сер ба воя расидааст. Ҳатто оби дида мекунад он марди хушбахт. Ва аз бозёфти худ, яъне аз анбонча чил ашрафии башумур гирифта, ин ҳаққи ҳалолат, писар, илоҳӣ насиб кунад гуфта, маҷбур ба дасти бобоям меқапонад.
– Эҳа-аа-а... Чил ашрафӣ давлати бисёр калон буд, – овоз бароварда, гўё худ ба худ меандешад Нозилҷон.
– Яқин кам набудааст, ки онҳо дар як муддати кўтоҳ кулбаашонро ғалтонда, ба ҷояш се дар хонаи барҳаво месозанд.
Гави ҷўшоӣ ҳам мехаранд, чор-панҷ моли майдаашон ба рама табдил меёбад. Муҳиммаш – бобои човандози ман ниҳоят соҳиби асп мешавад. Аспи таърифӣ, аспи тозӣ...
– Худо агар диҳад, намепурсад, ки писари кистӣ.
– Ҳақ асту рост, дўстам, – мад кашида, хушҳол мегўяд Ҳотамбек. – Қисса кўтоҳ, падараш зуд аз доми камбағалӣ раҳо ёфта, бобоҷони мо акнун ба аспи номдори худаш буз мегирифтааст. Дар гўштин ҳам рўз то рўз месабзидааст. Яъне ки дигар дасткўтоҳ набудаанд онҳо. Аммо ин айёми хуш дер нарафта, як-ду сол пас инқилоб мешавад, амир Олимхон мегурезад, ба ҷояш аскарони сурх меоянд. Паёпай, даста-даста, беҳисоб... Ба қавли раҳматӣ қиблагоҳ – вай ҳам албатта аз падараш шунидагист, – балои қазо барин як гирудори шадид бархоста, саг соҳибашро намешинохтааст.
– Воқиаи он солҳо аз таърих маълум, – мегўяд ба тамкин Нозилҷон. – Ту дар бораи носкаду гап зан.
– Кашола кардам? – механдад Ҳотамбек. – Пўсткандаашро шунидан хоҳӣ, амир гурехтан пас ҳаракати босмачигарӣ, ё чӣ тавре имрўз мегўянд, дар раҳи дифоъ аз ватан мубориза оғоз гардида, дар ин арсаи хунин Иброҳимбеки лақай саркардаи муносиб шинохта мешавад. Вай рўзе ба тарафҳои мо ҳам омада, дар пеши масҷиди ҷомеъ ба мардум муроҷиат мекунад, ки ҳар каси баномус агар хонаву дарашро азиз дониста, диёри мусулмонободи худро аз тасарруфи кофирон берун овардан хоҳад, ё мувофиқи синну сол ба сафи мо дарояд, ё ба нияти ғалабаи лашкари ислом алоқадри ҳол нақдина супорад, аспу улав диҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор