МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Маст ё не, ду-се кас шуда, ба ёди шумо кам-кам нўшидем, – борониву кулоҳи фарсудаашро як сў партофта, ходавор хушки дароз, норозиёна ғур-ғур мекунад ў.
– Ҳушат дар ҷояш? – мегўяд Ҳотамбеки дар ҳар сурат бемор. – Мо ҳоло намурдаем.
– Зинда бошӣ, ба суроғи муаллими камбағалат одам мемондӣ...
– Ту ғам нахўр, Ҳотамбек, ин ҷўраи мо ба ёди худаш нўшида, андак малул шудааст, – ба Исматулло оғўш мекушояд Нозилҷон.
– Лекин ҳай обсофкунакӣ! – бардурўғ ҷигот меандозад меҳмон, ки низ дўсти бачагии ўст.
Баъд аз вохўрдии гарму самимӣ онҳо дар гирди дастархон нишаста, аввал даст ба фотиҳа мебардоранд. Пас ба ҳамдигар дубора, инак батафсил пурсупос мекунанд.
– Саҳарӣ аз аҳволи шон хабар гирифта будам, – соҳибхонаро дар назар дошта, ниҳоят танҳо ба Нозилҷон рўй меорад Исматулло. – Худат чӣ хелӣ – тану ҷонат сиҳат? Вақтҳои охир ками дар кам меоӣ, пазмон шудаем.
– Мо дукаса, иншооллоҳ, пазмониатро мешиканем, – нарм мегўяд дар ҷавоб Нозилҷон.
– Ба чӣ? – гўшу ҳуш мегардад Ҳотамбек. – Ба амонаташку хиёнат кардем...
– Ана, нисф зиёд мондааст, – ба шишаи болои дастархон нигариста, қир-қир механдад Исматулло.
– Ин аз толоби дигар.
– Фарқаш чӣ? Кайфаш бошад, шуд...
– Кайф медодагисту афсўс, ки дар зери назорат, – маънидор табассум карда, беозор мегўяд Нозилҷон.
– Шии-шаа?! – мутаҳайир як ба вай, як ба Ҳотамбек чашм медавонад Исматулло.
Ҳамин дам дари хона аз нав боз гардида, нахустписари Ҳотамбек дар рўи лаълӣ чои гарм ва ҳар навъ газак меорад.
Ва чойники холиро гирифта, берун мераваду баъд аз лаҳзае модари ў як лангарӣ оши палав медарорад. Омехта ба ҳаври он дар димоғҳо бўи иштиҳоангез менишинад. Табақро дар мобайни дастархон мондан пас... занак эҳтимол шишаи гардандарози арақаш ҳамчунон нимабаландро махсус аз назар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор