Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Мабодо, ки гашта биёем, а? – нешханд мезанад Исматулло.
– Ёфтӣ, – мегўяд ў. – Нозилҷон-ку, хайр, маълум – инсоф дорад, вале аз одати нағзи ту метарсам.
– Ҳай зихнаӣ, Катарин...
– Боз ҳамон гапи бўйнок!
– Пушти хамидаро гўр рост мекунад.
– Ту албатта дар худат санҷидаӣ...
Онҳо ба чунин суханон хандида-хандида, аз дарвозаи ҳавлӣ берун меоянд. Ва беихтиёр таваққуф намуда, фурсате сукут меварзанд. Гўё баногоҳ худро дар як олами ноошно мебинанд. Гўё намедонанд дар ин нимторикии шабоҳанг ба ҳам боз чӣ гўянд, дигар аз кадом боб ҳарф зананд... Маҳин мерасад садои борони майда, борони сарди шоми зимистон.
Дар кўчаи ҳоло хилват, ки ба ду тараф вазнин тўл кашидааст, аз симчўби пеши баъзе ҳавлиҳо ҷо-ҷо равшанӣ медавад.
Деҳа хомўш, ба ҷуз гиряи аламноки борон ғайра овозе намепечад дар он. Аз чӣ бошад, Нозилҷон модари куҳансолашро нохост ба худ тассавур намуда, қомати наҳифи ўро дар пушти тиреза мебинад – чашмаш чор, яқин раҳ мепояд кампир, раҳи ягона писар... Ҳотамбек тар шуда, эҳтимол хунук хўрда, дастонашро ба остинҳои ҷома меандозад. Исматулло як сурфида, пойҳояшро монугир мекунад. Ва дўстон, дўстони айёми беғаши бачагӣ, ба чанд сухани дар ин гуна мавридҳои хайрухуш зарурӣ ба се ҷониб рўй оварда... аз ҳам ҷудо, ҳар кадом ба хилвати худ мераванд.

2005

ОҚИБАТ

Вақте... дар хаёлаш асло дам нагирифта, заррае ҳам роҳат набурда ва аз гуна-гуна хобҳои шаби дароз дидааш, ки ғолибан даҳшат доштанд, ҳатто порае дар ёдаш намонда, гўё маҷбур чашм кушод, Хонаи бисту панҷ сол инҷониб барояш шинос ғарқи анвори офтоб буд.
«Чоштгаҳ шудааст», – хамёза кашида, лоқайд аз дил гузаронд зан.

пешина
аз 551
навбатӣ