Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Магар намедонам сабабашро? Хуб медонам! Кай шуд, чӣ шуд ва чӣ тавр шуд – медонаму боз ҳам... Аҷаб!»
Оби дидаашро пок карда, зан ба шаст аз ҷогаҳ хест ва мўи кўтоҳ буридаи дар болин патакшудаашро ба сари ангуштон шона зада, беихтиёр пеши оина рафт.
Хушқаду қомат буд ҳанўз; чашмони калон-калони бодомиаш фаттон буданд ҳанўз! Аммо пўсти ҷо-ҷо аз ашки сурмаолуд сиёҳгардидаи рўяш хушк, илова бар ин реза-реза ожанг дорад ва ҳатто қадре заҳиру пажмурда метобад.
Вай дар муқобили оина фурсате карахту беҳаракат истод. Баъд, чунон ки ба костани ҳусну тароваташ маҳз ҳамин оинаи намедонад бисту панҷ...
Ё садсола гунаҳкор бошад, ба қаҳру заҳр аз вай рўй тофта, бе ягон мақсад ба хонаи дигар гузашт.
Ҷиҳози он хонаи калонтар ҳам кўҳна ва бетартиб буд; фарши чиркини тахтагинаш-ку қариб як моҳ боз латтаи тарро надидааст.
Зан ба абрувони думи мор барин борикаш бадтар гиреҳ андохта, дари он хонаро пўшид ва рафта...
Ба ташнав об сар дод.
Тахмин ним соат пас чой монда, ба як пора нону панир – дигар чизе намеҷуст дилаш – наҳорӣ кард. Болои мизро ғундошт.
Ва наҷунбида, муддате дар курсӣ нишасту боз ба хонаи хоб ворид шуд. Аз пеши оина...
Акнун ба вай ҳатто назар ҳам наафканда, Шитобон гузашт. Ва филҳол пардаро кушода, аз тиреза ба саҳни ҳавлӣ нигарист.
Оғози тирамоҳ буд. Барги дарахтонро гўё бештар чанг гирифтааст. Омехта ба бўи газу бензини мошин аз куҷоҳо саҳле бўи себ ва ангур меояд. Бачаҳои шинос – қариб ҳамагӣ – ҳоло аз хонаҳои ин бинои чорошёна баромада, дар таки дарахтон машғули бозӣ буданд. Ба чашмони зан баъзе калонсолҳо низ менамуданд.
Ё сайру гашт мекарданд онҳо...
Ё дар сари даст кўдаке доштанд.
Як замон вай ҳам фарзанд дошт, зани башавҳар буд.
Аммо баъд…
Хайр, гуноҳи худаш ин, оқибати ҳавову ҳавасҳои беҳосилаш – ҳаққо, ки даво нест худкардаро!

пешина
аз 551
навбатӣ