ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
хонда хат кашида, аломати саволу хитоб монда гуфтанд:
Боқиҷон, ин гурезиро дигар сар надеҳ. Ҳама ҷузъиёти ин шеърҳоро ҳамроҳи Ғаффор Мирзо, ки аз Маскав омадааст, дида бароед, ёрии эҷодӣ ва амалӣ расонед.
Ба кабинети устод омадем, Ғаффор Мирзоро, ки барои таҷрибаомўзӣ аз Институти адабии шаҳри Маскав омада буд, даъват кард ва шеърҳоро нишон дод ва гуфт, аз рўи талаботи нав ба ин шоири навқалам як маслиҳати дуруст диҳед. Ғаффор Мирзо ба як шеъре, ки дар пайравӣ ба сабки устод Лоҳутӣ навишта шуда буд, зиёдтар аҳамият дод. Ду бор бодиққат хонда, гуфт: «Агар солҳои сиюм мебуд, шуморо дар паҳлўи Лоҳутӣ мешинонданд. Вале ҳоло солҳои панҷоҳуманд, шумо донишҷўи ҷавон ҳастед, бояд шеърро мувофиқи синну соли худ ва талаботи замон эҷод кунед». Аз рўи ин талабот мисол оварда хоҳиш кард, ки шеъри зиндагӣ ва воқеӣ бояд нависам.
Аз ҳамон шеър як байтро барои мисол меорам:
Эрон фиреби фитнаи иғвогарон хўрад,
Ҳайф аст, шер сиблати сайди сагон хўрад.
Дигар мисраъҳо низ дар ҳамин равия буданд. Ин шеър ба воқеаҳои сиёсии даврони Масадиқ бахшида шуда буд.
Барои Ғаффор Мирзо Мўъминшоҳ Қаноат ном, номи падар пасованди шоҳ ҷолиб буд, ки ин номҳои китобӣ ва ирфонии ба ҳам пайвандро кӣ ёфтааст.
Дар поёни сўҳбат устодон 10 шеъри Алексей Сурковро ба ман супориданд, ки тарҷима карда баъд аз 10 рўз биёрам.
Ҳусни ҳамкории ман бо устод Боқӣ Раҳимзода ва ба ин васила бо Иттифоқи нависандагон аз ҳамин рўз оғоз шуд.
Устод Боқӣ Раҳимзода аз рўи қавл амал карда, маро як сол дар мадди назар нигоҳ доштанд. Дар ҷараёни як сол бо супориши устод Боқӣ Раҳимзода ва маҷаллаи «Шарқи Сурх»
чанд шеъри А. А. Сурков, чор сонети Вилям Шекспир, «Шоир Фирдавсӣ» ном манзумаи Генрих Гейне, шеърҳои Адам Мицкевичро барои маҷалла тарҷима кардам, ки дар китобҳо ҳам чоп шуданд.
Дар ҳамин муддат шеърҳои «Моҳи нав», «Ду гул», «Дар роҳ», «Хоби модари Олмон», «Меҳри модар», «Кафшери муҳаббат», «Ба духтари пахтачин» дар журнали «Шарқи Сурх», журнали «Занон» чоп шуданд. Ҳамин буд, ки баъди хатми Донишгоҳ маро ба маҷаллаи «Шарқи Сурх» ба кор гирифтанд.
Дар ҷараёни солҳои 1956-1964 вақти кору фаъолият дар журнали «Шарқи Сурх» ман ба доира ва муҳити адабӣ дохил шудам. Дар он замон аз ин муҳит ҷои беҳтар набуд.
Ё ба амри тақдир ё ба тадбири устод Боқӣ Раҳимзода, Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ, Мирсаид Миршакар, Фотеҳ Ниёзӣ, Пўлод Толис, Ғаффор Мирзо, Соҳиб Табаров ман ба муҳите даромадам, ки ҷои омўхтан, андўхтан ва афрўхтан буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё