ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Вале милитсионер ба гапҳои ман гӯш намедод.
– Куҷо мебаред маро? – гуфта пурсидам дар охир.
– Роҳ гард! – бонг зад милитсионер ба ҷои ҷавоб.
– Охир, ман чӣ кор кардам?
– Гард, баъд мефаҳмӣ!
Милитсионер маро ба канори стантсия бурда, ба як хонаи пастаки тирезаҳояш панҷаранок тела дода даровард. Ман пай бурдам, ки ин ҷо милисахона аст.
Милитсионер маро то охири роҳрав пеш андохта бурду гиребонамро сар дода, дареро кӯфт.
Дар кушода шуда, ман ба даруни як хоначаи сафеди равшан даромадам.
Дар пешгаҳи хона, дар паси стол як марди қоқинае менишаст, ки қавоқҳояш варам карда, суп-сурх шуда буданд. Ман ба гиребони ӯ, ба петлитсааш нигоҳ карда, дарҳол фаҳмидам, ки ӯ калони милитсионерҳо будааст.
Дар таги девори тарафи чап хараки чӯбини дарозе гузошта шуда буд, ки аз кӯҳнагию совидагӣ дар рӯшноии чароғи шифти хона ҷило медод.
Ба рӯи харак як мардаки шинелпӯш менишаст, ки дигар ҳамаи сару либосаш гражданӣ буд. Ӯ бо табассуми узрхоҳона ба замин нигоҳ мекард.
Назди дар курсии кӯҳнаи яклабае гузошта шуда буд, дар рӯи он милитсионери дигаре нишаста, зоҳиран пинак мерафт.
Дар миёнаҷои хона як ҷомадони назарногири фанерин мехобид, ки даҳонаш боз буд. Ҷомадон пур аз калобаҳои ғафс-ғафси абрешим буд.
– Бечорагӣ гӯед-а? – лабханд карда гуфт милитсионери калон ба марди шинелпӯш ва аз ӯ чашм канда, ба тарафи мо нигоҳ кард.
– Аз куҷо доштӣ?
– Ҳозир, аз зинапояи вагон, – гуфта ҷавоб дод милитсионери «ман», – билет надорад.
Дилам сахт-сахт мезад. Акнун ман аз ин ҷо сиҳатсаломат намебароям. Худоё худовандо, ба дили инҳо раҳм андоз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё