Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Маҳрамбачаҳо дастон пеши бар, гӯшҳо чур, рост меистоданд, ки аз тарафи Амир чӣ ишорае ё фармоне мешавад; ҳоҷиб бо нимтаъзим мунтазир буд, ки амираш чӣ мефармояд; занҳои ҳарам гӯшакӣ мекарданд, ки аз омадани ин занак буду шуд панҷуним моҳ гузашт, бачаи шикамаш аз кӣ бошад?; раммоли дарбор Ҳоҷӣ Тӯра фол мегирифт, ки кӯдак шабу саҳар ба дунё меояд ва ҳатман писар аст ва хоҳу нохоҳ, сафшикану соҳибқирону ҷаҳонгир мешавад; ва шогирди Муншии Калон Рӯзимурод изтиробе дошт, ки ин воқеъаи таърихиро нарезондаву начаконда рӯи коғаз оварда метавониста бошад?; ва Муншии Калон аз алам дар муншихона ҷои нишаст намеёфт, ки даҳ рӯз ба хабари сарҳадбонони Сирдарё аз ин бебасарон ҷавоб гирифта наметавонад… Ва дар даҳлез дар ду суфача, ду нафарӣ чаҳор нафар ҷондор росту ҳушёр посбонӣ мекарданд, ки ба ҷони Амир, аз тарафи кӯрнамаке, мабод ки осебе бирасад.
Ва Амир дар боргоҳ, рӯи қолинҳои густурда, гирди гаҳвораҳо мегашт ва раммол Ҳоҷӣ Тӯра, як қадам қафо аз ӯ, пайравӣ мекард ва шогирди муншӣ Рӯзимурод дар кунҷе ҳаросон меистод, ва чеҳраи Амир гул кард:
– Бачағар устои зӯр будааст!
– Устои зӯр будааст, – такрор кард Ҳоҷӣ Тӯра.
Амир хаму рост шуда, тахтаварақҳоро молиш дода ба гаҳвораҳо зеҳн мемонд… ва дар Арку берун аз Арк, бо суръати боди дайду, овоза паҳн шуд, ки «Амир имрӯз гаҳворабандон доштаанд», ва чун одат, ба хушомадгӯёни Бухоро худо дод – фавҷи лаганбардорон ба ҷунбиш даромад ва Ҳоҷиб нидо дод:
– Амирам, аҳли рикоб ба муборакбодӣ омаданд.
Амир бо ҳавои даст рухсат бидод, ки бидароянд ва пешу қафо, бо таъзими заминбӯс, аз дари боргоҳ қушбегиву раис, шайхулислому қозикалон ва сарлашкару оламиён ба дарун даромаданд, ва азбаски алайк гирифтан ба мартабаи Амир намезебад, ба саломи онҳо мулозим ҷавоб дод; ва ин бузургони давлат, ки зиндаву мурдаи раия ва хоку оби мулкро гардиши рӯзгор ба дасти онҳо додааст, аз дунболи Амир саф кашиданд; ва Амир бо думи чашм ба гаҳвораҳо нигарист ва ҳамаи онҳо ҳаракати ваҷоҳати ӯро айнан тақлид карданд; ва Амир хам шуду сибадони гаҳвораро яклаба монд, ва ҳамаи онҳо миён хам гирифтанд ва дар ҳаво сибадони хаёлиро яклаба монданд…

пешина
аз 435
навбатӣ