ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
баробар таъзими заминбӯс карданд:
– Ҳазрат саломат бошанд!
Барои Амир нимтахт оварданд. Вай дар пешгоҳ нишаст:
– Базматон хунук.
Кадбону як қадам пеш монд:
– Буру дӯхт дорем. Ҳазрат саломат бошанд. Ҳозир гарм мекунем.
Ҳоҷӣ Тӯра аз ҷониби Амир хандид:
– Буру дӯхт бо базмаш ширин.
Ва базм оростанд – мусиқӣ, суруд, рақс ва яккахон авҷи ғазалро гирифт, ки «Биё Ҳофиз, ки мо худро ба мулки дигар ан-до-зе-е-м», ва нолаи ӯ фаршу сақфи хонаро фаро гирифт, ва лабрез аз дарду алам буд ва шикоят аз «дунёи наркушу модапарвар» мекард ва дод аз дасти замондорони базаҳкор мегуфт, аммо ҳозирон шодона қиғғос заданд:
– Ҳазрат саломат бошанд!
Гӯё мадҳу саное шунида бошанд.
Ва Амир, ки бо чашм раққосаҳоро зино мекард, меҳри бахшоишаш ба ҷӯш омад, ва ба сари занҳо ҳавуҷ – ҳавуҷ танга пошид; ва дастархондору бӯхчабардор дар анбор латтаворӣ, нон ва қанду қурсе, ки занҳо ба расми тӯҳфа оварда буданд, ба рӯи як дастархони калон рехтанд ва аз лабаш бардошта дастархончаҳо сохтанд ва оварданд пеши Амир; ва Амир бо ангушт бастаеро нишон дод ва Ҳоҷӣ Тӯра онро аз ҷояш бардошт, ва Амир гуфт:
– Барои зани раис.
Ва он бастаро кадбону бо таъзим гирифт ва бурду пеши зани раис монд; ва бо ҳамин тартиб ба ҳамаи занҳое, ки дастархон карда омаданд, дастархон карда доданд.
Ва Рӯзимурод, шогирди муншӣ, навкоре дар дарбор, ки мебоист ин тантанаро барои таърихи аморат бинависад, дар ин гуфторҳову кирдорҳо лоиқ ба таърих чизе наёфт ва ба ҳоли куҳнакорони ин макон дилаш сӯхт, ки «бале, ба ҷонашон, ҳамин ҳолро ҳар рӯз мебинанд, ҳар моҳ ва ҳар сол мебинанд, чӣ тавр тоқат мекунанд?», ва рост ба муншихона рафт ва қаламу коғазро назди Муншии Калон гузошт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё