Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Ба тасвири «… аз мӯи ба пешонӣ овезонаш оби тирафоми борон таровида…», ки дар саҳ. 111 омадааст, муаллим эродашонро ин тавр баён кардаанд: «Ин гап дуруст нест. Хоҳед, қасам хӯрам?»
Дар аксар маврид эродҳои устодро ҳаҷв ва зарофатҳои намакин оро медиҳанд. Бубинед, дар саҳ. 120 навиштаанд: «Бесабаб абзас мондан убол аст, агарчи фоидае дорад…» Ин ишораи истеҳзоомез ба он аст, ки баъзеҳо ба хотири бештар ситонидани ҳаққи қалам ба таври сунъӣ мисраъҳоро мешикастанд ё ҷумлаҳоро дароз ва ҳаҷми асарашонро бузург мекарданд.
Дар ҷое аз рӯи беэҳтиётӣ калимаи «киса» бо ду «с» чоп шуда будаст. Муаллим навиштаанд: «Кисаи Абдулҳамид калону пур аз пул аст, чунки ду ҳарфи «с» дорад. Ф.М.»
Дар боби XIV чунин ҷумла буд: «Акнун мисли нимтанаҳо (маъюбони ҷанг бо чигас роҳ мегарданд). Муаллим эътирози худро ба ин ташбеҳ ин зайл ифода кардаанд. «Акнун чӣ тавр роҳ гаштанашон маълум. Гапа такрор накунед, нахоед, мулло.
Сонӣ дузда ба инвалиди ҶБВ шабоҳат надиҳед. Ба шумо чӣ шуд?»
Устод калима, ибора ва ҷумлаҳои ночаспон ё ба назарашон зиёдатиро ҷо-ҷо бо қалам ҷудо карда, бо думи дарози морпеч баровардаанд. Ин корашон ҳадаф дорад. Ва ба хотири он аст, ки ҳамин ишора ба дили банда, яъне нависандаи ҷавон сахт нарасад, дар пушти саҳ. 126 навиштаанд:
«Мулло Абдулҳамид, дар чанд ҷой калима ё ибораи барзиёдро ишораи партофтан гузоштам. Агар думчаи ишора дароз бошад, ба ин маънист, ки зиёд будани он калима ба ҳамин дараҷа аён ва ошкор асту шумо эътибор надодаед.
Ҳамин ишораҳо дар ёдатон монанд, дар навишти чизи оянда шояд ба хотир расанд гуфта думдароз кардам.
Ҳангоми ба хаткӯркунак кӯр карданатон андак азият мекашед ва ба таҳшин шудан дар хотира кӯмак мекунад.
Дигар ғаразе нест. Ф.М.»
Фазлиддин Муҳаммадиев боғбони хосакори насри тоҷик буданд. Ва ҳадафи часпу талошҳои зиёдашон дар мутолиаи дастхату муҳокимаи асарҳо сарҷамъ овардани адибон, аз ибтидо рост ва табъи дил сабзидани навниҳолони боғи адабиёт буд. Ташвишу муроди боғбони асил чист? Ниҳолаке каҷ насабзаду ба муҳит осеб нарасонад, нахле дар гармои сӯзон аз беобӣ нахушкад, шохе аз боду тӯфон нашиканад. Ва аз ҳама муҳимаш дастниҳолони ӯ меваҳои хушранг, ширину болаззат диҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё