Гурги ланг ва бузичай доно

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳо, чистонҳо ва шеърҳои бачагона буда, барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст. Он ба рушди тафаккур ва олами маънавии кӯдакон мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 23 саҳифа
НаврасонАфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан- Эй гурги паҳлавон, ман таърифи ба шеру бабру хирсу паланг ҷангида, ғолиб омаданатро шунида будам. - Имрӯз ба чашми худ дида истодаам, ки ту паҳлавону нотарсӣ.
Ин дам гуруснагӣ ба хотири гург расид. - Ҳозир шумоёнро ба хона мебараму зиёфат мекунам, раф- тем, - фармуд гург.
- Эй гурги хушдидору шеркирдор, - гуфт бузича, ки аз мақ- сади гург пай бурда буд, мо чор сар будем, ману баррача ин ҷо омадем. Як бузичаву як баррача аз мо қафо монданд. Аз афташ роҳро гум карданд, агар онҳоро ёфта меомадӣ, ҳар чорамон меҳмони ту мешудем.
- Нисбат ба мо онҳо калонтару фарбеҳтаранд, - гуфт бар- рача, ки ҳоло ҳам аз тарс меларзид.
- Эй гурги диловар! Ба бӯйгирӣ аз ҳамаи сагҳо беҳтарӣ, - гуфт бузича ва бо оҳанги зорӣ илова кард:
- Фуки зебоятро бардошта атрофро бӯй кун, шояд дар куҷо будани шарикони моро бифаҳмӣ.
Гург фукашро бардошта атрофро бӯй кард ва гӯё дар куҷо будани бузичаву баррачаро муайян карда бошад, гуфт: - Ман ба ҷустуҷӯи ҳамроҳонатон меравам. То омаданам дар ин ҷо монда, аз алафи сабзу тару тоза ишкаматонро сер ку- нед. Гург чунин гуфту ба роҳ даромад. Роҳ мерафту бо хаёли ширин мехонд:
Имрӯз ғам надорам,
Шуд бобарор шикорам.
Баррачаву бузича,
Ҳоло дар ихтиёрам,
Ҳараллаю таралла,
Дандонҳоям - арра.
Гӯшти баррача ширин,
Шакару асал барин.
Худаш ба наздам омад,
Ба бузича офарин.
Ҳараллаю таралла
Дандонҳоям - арра.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё