Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих

ПЕШГУФТОР

Аввалин китоб бо унвони «100 инсони бузургтарин» аз тариқи нашриёти «Вече» соли 1998 ба табъ расида буд, ки ба қалами нависандаи америкой М.Х.Харт тааллуқ дошт. Муаллиф ба муҳокимаи хонандагон назарияи бисёр ҳам баҳсталаб-назарияи таъсирро пешниҳод кард. Қисми зиёди китобро Харт ба андешаҳои худ оид ба ин ё он шахсияти таърихӣ бахшида, дар бораи фаъолияти онҳо камтар сухан рондааст. Асари С.А. Мусский «100 инсони бузургтарин» («Вече», 2006), ки мо аз он ба муштариён намунаҳо пешниҳод месозем, нисбатан иттилооти бештар дорад ва ҳам холисона аст. Ҳайати қаҳрамонҳо аз нисф зиёд тағйир ёфтааст. Шахсиятҳои аз ҳама бузург, чеҳраҳои шинохтаи оламшумули ҳамаи соҳаҳои асосии ҳаёти одамӣ дар ин китоб гирд омадаанд. Муаллиф асарашро ба бобҳои «Ходимони дин», «Мутафаккирон», «Сиёсатмадорон», «Лашкаркашон», «Олимон», «Устодони санъат», «Ихтироъкорон», «Сайёҳон» ва «Варзишгарон» тақсим намуда, аз ҷумла дар бораи паёмбари ислом Муҳаммад (с), Пифагор, Аристотел, Пётрӣ Кабир, Маҳатма Гандӣ, Ленин, Сталин, Искандари Мақдунӣ, Коперник, Дарвин, Менделеев, Бах, Чайковский, Архимед, Колумб, Пеле, Муҳаммад Алӣ ва дигарон маълумоти мушаххас додааст. Мутаассифона, дар китоб мутафаккири барҷаста энциклопедист, табиби оламшумул, муаллифи «Ал-Қонун» Абӯалӣ ибни Сино ҷойи худро наёфтааст. Ҳол он ки ӯ яке аз нафарони арзандатарин аст ба ин гуна китобҳо. Шояд ба ин чаҳорчӯбаи рақами 100 монеъ шуда бошад. Зеро Ломоносов, Лютер Кинг, Планк, Борн, Эдисон, Марко Поло ва даҳҳо нафари дигар низ берун аз рақами 100 мондаанд. Вале ин қимати маҷмӯаро кам накардааст, ба хонандаи имрӯза иттилооти фаровон медиҳад оид ба ҳар нафари 100-гона. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки намунае чанд аз чеҳраҳои ин китобро дар тарҷума пешкаши хонандагони гиромӣ гардонем.

Муаллифи китоби «100 великих женщин» Ирина Семашко дар пешгуфтори асар нигоштааст: «Дафъатан гуфтанием, ки мо иҷрои кори сангинеро бар дӯш гирифтем, зеро бонувони бузургтарин ангуштшуморанд. Занҳои машҳур беҳадду ҳисоб, вале бузургтаринашон, ки дар тӯли қарнҳо вирди забонҳо ва қаҳрамони достонҳо бошанд, 15-20 нафаранд.
Албатта, шахсияти Жанна д' Арк ё Сафо шубҳае ба миён намеоранд, вале дар сафи онҳо боз киҳоро метавонем ном бигирем?

Ҳангоми таълифи китоб мо ду қутбро ба эътибор гирифтем: Зан - Зебоӣ ва Зан - Модар. Ба ин мазмун асар аз саргузашти Нефертитӣ – олиҳаи зебоӣ оғоз ёфта, бо зиндагиномаи Марями Муқаддас – модари Исои Масеҳ анҷом мепазирад. Фалсафаи ҳаёт ҳам чунин аст, зан дар байни ҳамин ду ибтидои зиндагӣ - зебоӣ ва ҳисси модарӣ талош меварзад: зебоӣ баҳри модарӣ ва модарӣ ба шарафи зебоӣ. Дигар ҳама комёбиҳои бонувон дар байни ин ду мафҳум нисбианд».

Қаҳрамонҳои китоб бонувони бузурганд, аз қабили Клеопатра, Екатеринаи II, Маргарет Тетчер, Ванга ва дигарон.

аз 424
навбатӣ