Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
ОҒОЗИ КИТОБ
Ровиёни¹ ахбор ва нокилони² осор, муҳаддисони³ достони гулистони куҳан ва тӯтиёни шакарминқору булбулони ширингуфтор ва андалебони бӯстону хӯшачинони хирмани сухан чунин ривоят мекунанд, ки ровӣ Мир Ашрафи Рамузӣ дар «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-и худ дар баёни таваллуди Ҳотам овардааст, ки Ҳотам бинни Тай, бинни Каҳлон, бинни Син, бинни Нахшаб, бинни Қаҳтон, бинни Худ аст.
Овардаанд, ки Худ марде буд соҳиби қуввату бозу. Дар ҳадди Яман падараш деҳқонӣ мекард ва баъд аз чанд муддат вафот ёфта буд. Аз сабаби қуввату бозу ба сари Худ ҳавое афтод, ки бо ин ҳама қуввату бозу ва ҷуръате, ки ман дорам, чун анкабут ба шавқи торкашӣ барои сайди магасе умр ба сар бурдан камоли ҳамоқату аломати дунҳимматист. Ва ҳамаи қавму бародарону дӯстони худро ҷамъ намуда, машварат кард ва гуфт:
— Эй азизон, дар дили ман мегузарад: сар аз итоати султон бартобам ва зӯрозмой намоям. Агар худои таоло карам намояд, тахту салтанат аз ин подшоҳи Яман биситонам. Мулкро чунон ороиш дода раиятпарварӣ созам, ки гургу гусфанд, шеру рӯбоҳ дар як ҷо об хӯранд. Тамоми халқон бар адлу инсофи ман таҳсину офарин гӯянд. Шумоён дар ин боб чӣ маслиҳат медиҳед?
Ҳама бародарону дӯстони ӯ розӣ шуда гуфтанд, ки:
¹Ровӣ — ривояткунанда.
²Ноқил — нақлкунанда.
³Муҳаддис — ҳикояткунанда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё