Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
ДЕБОЧА
Бадеият яке аз хусусиятҳои асосии осори адабист. Ашъори бузургтарин намояндагони адабиёти классикӣ ва пешқадамтарин нависандагони шӯравинамон аз он сабаб ба дили хонанда ҷой гирифтааст, ки дар онҳо маъниҳои олӣ ва бикр дар ниҳояти дилкашӣ ифода гардида, бо пероии бадеият ороиш ёфтааст. Дар ашъори онҳо ғояҳои баланд, маъниҳои барҷаста ва мазмунҳои нозуку латиф дар шакли зебое, бо калима ва таркибҳои суфтаву ҳамвор, бо роҳи тасвироти бадеию саноеи адабӣ ифода ёфтаанд.
Аз осори онҳо хонанда на танҳо ба маъниҳои барҷаста сарфаҳм меравад, балки завқи бадеӣ мегирад, аз намуди дилкаши онҳо лаззат мебарад. Воситаҳои тасвироти бадеӣ ҳамин гуна ҷузъи муҳими асари бадеӣ мебошанд, ки адиб онҳоро барои ифода кардани ғояи асосии худ истифода менамояд. Таъсири эмотсионалии асари бадеӣ аз бисёр ҷиҳатҳо ба воситаҳои тасвир вобаста аст, воситаҳои тасвир барои дилчаспу форам ва муАССИРУ ҷозибадор тазоҳур кардани мақсад ва ғояи асар омили муҳиме мебошанд.
Чӣ навъе барои иншои шеъри хубу марғуб ва шоиставу барҷаста ҳаматарафа донистани забони шеърӣ ва аз худ намудани лаҳзаҳои нозуки он зарур бошад, ҳамон қадар ҳам донистани илми арӯз, илми қофия ва махсусан донистани воситаҳои тасвирот ва санъатҳои муҳими адабӣ ба ҳар як нависанда, хусусан ба навкаламон аҳамияти калон дорад.
Донистани инҳо на танҳо ба нависандагони ҷавон зиёда зарур аст, балки лозим аст, ки хонандагон ва дӯстдорони адабиёти бадеӣ низ аз ин хусус соҳиби баъзе маълумоти умумӣ бошанд, зеро ин як шарти муҳими адабиётфаҳмӣ мебошад. Хусусан донишҷӯёни факултети филологии мактабҳои олӣ ва муаллимони забону адабиёти мактабҳои миёна аз асосхои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё