Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат

ҶИЛДИ АВВАЛ
КИМИЁИ САОДАТ
Имом Ҳуҷҷатулислом Зайнуддин
Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ
Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
Хулосае аз тарҷумаи ҳоли муаллиф ва чигунагии чопи китоби ҳозир Имом Ҳуҷҷатул-ислом Муҳаммади Ғаззолӣ ба таърихи 450ҳиҷрӣ, дар Тобирони Тӯс ба дунё омад, то соли 478, яъне то синни бисту ҳашт солагӣ – дар Тӯсу Гургону Нишобур ба фаро гирифтани улуми зоҳирӣ пардохт; ҳам дар ин сол, Хоҷа Низомулмулк – вазири донишманд ва донишдӯсти Маликшоҳи Салҷуқиро бо вай мулоқоте даст дода, шефтаи пояи фазлу дониши вай гашт ва то соли 484 дар дарбори Салҷуқӣ бо мунтаҳои иззат омаду шуд дошт ва дар корҳои бузург дахолат мекард, дар ин сол ба хоҳиши Хоҷа, мансаби тадриси Мадрасаи Низомияи Бағдодро ба ӯҳда гирифт ва то соли 488 дар он мақом, ки бузургтарин пойгоҳи илмии он замон буд, бимонд.
Ҳамон гуна ки худ дар китоби «Ал-мунқиз мина-з-залол» менависад, чун улуми расмии зоҳирӣ дарди дарунии ӯро дармон намекард ва ба «чаро?»-ҳои фаровоне, ки ҳар мутафаккири ҳушмандеро дар даврони зиндагӣ роҳат намегузоранд, ҷавобҳои хотирписанде намедод, дар зимни муддати тадрис ва пеш аз он ба таҳсили фалсафа пардохт ва гуфторҳои сӯфиён ва мутакаллимон ва ботиниёнро зеру забар кард ва дар поёни кор чун аз ҳеч роҳ оромиши хотире барояш фароҳам нашуд, аз дастгоҳи дунёӣ ва тадрису мансаб сер омад ва ҳолаш дигаргун шуд ва ба ночор аз ҳама чиз чашм пӯшид ва аз Бағдод берун шитофт ва оҳанги Шому Ҳиҷоз кард ва гӯшае гирифт ва дар ҳамин гӯшагирӣҒаззолии дигаре шуд, ки осораш – ва билхусус китоби ҳозир – ӯро ҳамон гуна ба мо муаррифӣ мекунанд.
Ин ҳоли вай то даҳ сол, яъне то 498 давом кард ва дар ин сол шавқи дидори зану фарзанд ӯро ба Тӯс кашонид ва як соли дигар ҳамчунон дар гӯшаи узлат бизист.
Дар поёни ин сол, ниме ба исрор ва илзоми Фахрулмулк – вазири Султон Санҷар ва ними камтаре ба майли худ, тадриси Низомияи Нишобурро пазируфт, вале Ғаззолии Нишобур дигар буд ва Ғаззолии Бағдод дигар: ин Ғаззолие буд, ки дар бӯтаи муҷоҳидатҳо ва риёзатҳои ёздаҳсола гудохта шуда, поку беолоиш аз кор даромада буд, забоне, ки аз андешаи сар нерӯ мегирифт, яксара ба дил пайваста буд ва дарсҳоеро тақрир мекард, ки ба мукошифа ва мушоҳида аз Устоди офариниш омӯхта буд.
Дар тадриси Нишобур беш аз як сол диранг раво надошт ва бо ҳамаи исрорҳое, ки барои мондан ба вай мешуд, аз кор канора гирифт ва ба ватани аслии хеш Тӯс бозгашт, мадрасае ва хонагоҳе барпо кард, қисмате аз рӯзгори худро ба тадрис дар мадраса ва бахши дигарро ба роҳнамоӣ ва дастгирии сӯфиён ва ворастагони хонагоҳ пардохт, то дар соли 505 дида аз дидори ин ҷаҳон барбаст ва ба дигар сарой шитофт1.
Аз Ғаззолӣ беш аз сад китоб ва рисолаи бузургу кӯчак дар фиқҳу ҳадис ва калому ахлоқ ва фалсафаву ҷуз он бар ҷой монда, ки гули сари сабади онҳо дар забони арабӣ китоби «Эҳёу улуми-д-дин» ва дар форсӣ хулосае аз он китоб ба номи «Кимиёи саодат» мебошад.
Имом Ғаззолӣ китоби «Эҳё»-ро дар муддати гӯшагирӣ ва узлат навишта; ва тақсимбандии рукнҳову аслҳо ва фаслҳои он тақрибан монанди «Кимиёи саодат» мебошад. Китоби «Кимиёи саодат» ҳамон тавр ки гуфтем – хулоса ва эҳтимоли наздик ба яқин, хулосаи тарҷимамонанде аст, ки худи Ғаззолӣ аз китоби «Эҳё» берун овардааст.
Муқаддимаи «Кимиёи саодат» чанд сол пеш дар Теҳрон ба кӯшиши чанд тан аз некон ва донишмандон ба чоп расида ва тамоми китоб дар Ҳиндустон чанд бор чоп хӯрдааст. Як нусхае, ки саду анд сол пеш дар Ҳиндустон чоп шуда ва дар китобхонаи Маҷлиси Шӯрои миллӣ мавҷуд аст, нусхаи бисёр хубе аст ва менамояд, ки дар тасҳеҳи он мунтаҳои диққат ва таҳқиқ ба амал омада, вале чопи дигаре, ки дар дастрас мебошад, мутазаммини ислоҳоте аст, ки ғолибан аз лиҳози наздик кардани сабки иншо ба замонҳои баъд аз муаллиф ба амал омада ва бо афсӯс бояд гуфт, ки то андозае тасарруфоти нобаҷое будааст.
Нусхае, ки китоби ҳозир аз рӯи он ба чоп мерасад, нусхае аст мутааллиқ ба ношир – оқои Сабӯҳӣ, мудири китобфурӯшӣ ва чопхонаи марказӣ, ки тақрибан нимаи бештар аз рукни чаҳорумро надорад ва таърихи навиштани он ба яқин муайян нест, вале аз рӯи қароине, ки сабки нигориш ва коғазу муқоиса бо нусхаҳои ҳамзамони он ба даст медиҳад, чунин бармеояд, ки таърихи он аз садаи ҳаштум наздиктар нест, сафҳаи аввали рукни саввуми китоб, ки ба хости Худованд сафҳаи аввали муҷаллиди сонии ин чоп хоҳад шуд, гиравир шуда ва дар охири ин муқаддима ба назар мерасад. Ду нусха аз китобхонаи Маҷлис ва се нусха аз китобхонаи миллӣ, то андозае, ки муяссар будааст, тарафи муроҷиаи мусаҳҳеҳ буда, ки аз миёни онҳо як нусхаи хеле кӯҳнаи китоб-
1 Барои донистани тарҷимаи ҳол ва иттилооти бисёр муфассал ва гаронбаҳои дигар дар бораи зиндагонии Ғаззолӣ раҳматуллоҳи алайҳи ба китоби нафиси донишманди мӯҳтарам оқои Ҷалол Ҳумоӣ, ки «Ғаззолинома» ном дорад, муроҷиа шавад.
хонаи Маҷлис, ки таърихи 684-ро дорад, бештар мавриди истифода будааст.
Дар зимни муқобила, ҳар ҷо ки дар иборат ташвиш ва печидагӣ набуда, айни навиштаи нусхаи оқои Сабӯҳӣ барои чоп интихоб шуда ва ҳар ҷо ибҳом ва таъқиде мушоҳида шуда, ба ҳама ё бештар нусхаҳои чопӣ ва хаттӣ муроҷиа ва бидуни изофа кардани калимае аз хориҷ, иборати нусхаи саҳеҳтар интихоб шудааст ва агар аҳёнан бо ин тартиб ҳам ишкол ба ҳамон ҳол боқӣ мондааст, пас аз муроҷиа ба китоби «Эҳё», гумони мусаҳҳеҳ дар поварақӣ изҳор шудааст.
Ҷуз он чи дар зер ёд карда мешавад, нусхае, ки ба дасти хонандагон супурда мешавад, битамомиҳи ба нусхаи оқои Сабӯҳӣ шабоҳат дорад:
1 – «Чунонки» ва «чунончи» ва «балки» ва «бад-он ки» дар ин нусха ба сурати «чунонч» ва «чунонк» ва «балк» ва «бад-онк» будааст.
2 – «П» ва «Ч» дар асли нусха як нуқта доштааст ва бо мураккаби ҷадидтаре ду нуқта афзуда шуда ва мо ҳам бо се нуқта овардаем.
3 – «Асб» ва «хусбад» дар ин нусха ба сурати «асп» ва «хуспад» мебошад.
4 – «Ки»-и ҳарфи рабтро ба ду сурат «ки» ва «кӣ» ҳар ду дорад ва мо дар ҳама ҷо сурати маъруфи «ки»-ро интихоб кардем.
5 – «Забон»-ро гоҳе ба шакли «зуфон» навиштааст, мо ҳама ҷо ба сурати «забон» чоп кардаем.
6 – «Коф»-и форсиро ҳама ҷо бо як саркаш навиштааст ва мо мутобиқи маъмул ду саркаш гузордаем.
Тасарруфоте, ки барои зебоӣ ва осонии фаҳми матолиб раво дидаем, ҳаминҳост, ки дар зер ёдовар мешавем:
1 – Номҳои хосро ба ҷуз номи Худову расул, ки дар бештари сафҳаҳо чандин мартаба омадааст, бо ҳуруфи сиёҳ овардаем.
2 – Ҳамон тавр ки дар нусхаи хаттӣ оёт ва аҳодисро бо қалами дигар навиштааст, мо ҳам ин корро кардаем: мунтаҳо ояҳоро бо ҳуруфи сиёҳ ва ҳадисҳову дуоҳоро бо ҳуруфи соядор чоп кардаем.
3 – Барои ҷудо кардани ҷумлаҳо дар худи китоб нишонҳои махсусе мисли нуқта ва «вов»-и божгуна ва ҷуз он бо шанҷарф гузоштааст ва мо барои суҳулати дарёфти матлаб, нишонҳои нуқтагузориро, ки имрӯз дар кор аст, ба кор бурдаем.
Ин аломат «,» барои ҷудо кардани пораҳои як ҷумла аст; ин аломат «;»
барои ҷудо кардани ду ҷумла аст, ки то андозае ба якдигар пайвастагӣ доранд ва рӯйҳамрафта матлабро тамом мекунанд; ин аломат «.»-ро дар поёни ҷумла гузоштаем; ҷумлаҳое, ки байни ду хатти уфуқӣ бад-ин сурат: « – . – » гузошта шуда, ҳолати ҷумлаи мӯътариза ё дуоро доранд, ки ҳазфи онҳо халале дар фаҳми мақсуди ҷумла ворид намесозад; ин аломат «:» пеш аз ҳар ҷумла, ки бошад мерасонад, ки ин ҷумла ҷумлаи пеш аз ду нуқтаро тавзеҳ мекунад, ё тақсимоти ҷумлаи пешинро баён мекунад ва агар пас аз ду нуқта ду камон ҳам бошад бад-ин сурат («.....»:) ҷумлае, ки байни ду камон ниҳода шуда, ҳадис ё гуфторе аст, ки пеш аз ду нуқта бад-он ишорат рафтааст; ин аломат «?» пас аз ҷумлаҳое аст, ки пурсишеро мерасонанд; ин аломат «!» барои намудани шигифтӣ ва тааҷҷуб аст; ва ҳар ҷо бо аломати пурсиш бо ҳам гузошта шуда «?!», маълум медорад, ки пеш аз он пурсише аст омехта бо шигифтӣ.
Калимаву ҷумлаҳое, ки дар матни китоб байни ин ду аломат: [...] омадааст, дар нусхаи асл нест ва барои зиёдатии фоида аз тарафи мусаҳҳеҳ афзуда шуда ва то андозаи тавоноӣ кӯшидаем, ки ҷумлаҳои илҳоқӣ аз худи асли китоб интихоб шуда бошад: сафаҳоти 7 ва 39 ва 61 ва 71 ба тамомӣ илҳоқ шудааст.
Ҳар ҷо калима ё таркибе будааст, ки бо сабки истеъмоли ҷорӣ тафовут дошта, ё ҳар ҷо тасаввур мешудааст, ки дарёфти маънии луғате барои бештари хонандагон душворӣ дошта бошад, ададе миёни ду камони кӯчак бад–ин «(1)» гузошта, дар пойини сафҳа тавзеҳи мухтасаре дар он бора додаем.
Ба ҳеч рӯй иддао намекунем, ки нусха комилтарин шакли мумкин бошад, ки битавон аз «Кимиёи саодат» ба даст дод, вале мо бо андозаи худ кӯшиш кардаем ва агар дигарон андешаҳои беҳтаре доранд, албатта аз ошкор кардани он дареғ нафармоянд, чи умеди ин ҳаст, ки ин китоби нафис чопи саввумӣҳам пайдо кунад ва бо камоли майлу рағбат ёдовариҳои муфиде, ки дар ин хусус ба китобфурӯшии марказӣ бирасад, дар чопи дигар мавриди истифода қарор хоҳад гирифт ва аз назарҳои интиқодӣ, ки арбоби дониш иброз доштаанд, суди шоёне фароҳам ояд. Худованд бар равони муаллиф раҳмат фиристад ва мусаҳҳеҳу ношир ва хонандаро ҳам аз ин раҳмат бенасиб нафармояд, ба Муҳаммад ва олиҳи.
Аҳмади Ором

(КАЛИМАИ МУСАҲҲЕҲ)
Дар чопи аввал
Худойро сипосгузорам, ки он андоза мӯҳлат ва қудрат ато фармуд, то тавонистам тасҳеҳи ин китобро аз рӯи нусхаҳои хаттӣ дар зарфи муддати ду сол – аз исфанди 1318 то исфанди 1320 – ба поён расонам ва он чӣ бо андешаи ночизам мерасид, дар равшан кардани торикиҳои лафзии ин ганҷинаи маъонӣ фурӯгузор накардам ва агар кӯтоҳӣ ё нуқсоне дар кори ислоҳи чопӣ ва гузориши калимаҳову иборатҳои арабӣ мушоҳида шавад, умед он аст, ки ояндагон дар ислоҳи он бикӯшанд. Худованд ин рӯсиёҳ ва ҳама касонеро, ки дар кори ин китоб ранҷе бурдаанд, бо хонандагони китоб дар паноҳи Худ нигоҳ дорад, ки ҳамаи хайрот дар ин паноҳгоҳ аст ва ободонии дунёву охират аз он. Ва-л-ҳамду лиллоҳи Рабби-л-ъоламин.
Аҳмади Ором
КИМИЁИ САОДАТ
Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
Ва биҳи сиқатӣ
Шукру сипоси фаровон, ба адади ситораи осмон ва қатраи борон ва барги дарахтон ва реги биёбон ва зарраҳои замину осмон, мар он Худойро, ки ягонагӣ сифати Ӯст. Ва ҷалолу кибриё ва азамату уло ва маҷду баҳо хосияти Ӯст. Ва аз камоли ҷалоли Вай ҳеч офарида огоҳ нест ва ҳеч касро ба ҳақиқати маърифати Вай роҳ нест, балки иқрор додан ба аҷз аз ҳақиқати маърифати Вай мунтаҳои маърифати сиддиқон аст ва эътироф овардан ба тақсир дар ҳамду санои Вай ниҳояти санои фариштагон ва пайғамбарон аст. Ва ғояти ақли уқало дар мабодии ишроқи ҷалоли Вай ҳайрат аст ва мунтаҳои (сайри) соликону муридон дар талаби қурб ба ҳазрати ҷамоли Вай даҳшат аст. Ва гусастани умед аз асли маърифати Вай таътил аст ва даъвии камоли маърифати Вай аз хаёл ташбеҳ ва тамсил аст; насиби ҳама чашмҳо аз мулоҳизаи ҷамоли зоти Вай хирагӣ аст ва самараи ҳамаи ақлҳо аз назар ба аҷоиби сунъи Вай маърифати зарурӣ аст. Ҳеч кас мабод, ки дар азамати зоти Вай андеша кунад, то чӣ гуна аст ва чист? Ва ҳеч дил мабод, ки як лаҳза аз аҷоиби сунъи Вай ғофил монад, то ҳастии Вай ба чист ва ба кист? То ба зарурат бишиносад, ки ҳама осори қудрати Ӯст ва ҳама анвори азамати Ӯст ва ҳама бадоеъу ғароиби ҳикмати Ӯст ва ҳама партави ҷамоли ҳазрати Ӯст ва ҳама бад-Ӯст, балки худ ҳам Ӯст, ки ҷуз Вай ҳеч чизро ҳастӣ ба ҳақиқат нест, балки ҳастии ҳама чизҳо партав ва нури ҳастии Ӯст.

аз 176
навбатӣ