Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

1 Ва намешиносад лашкарҳои Парвардигоратро, магар Худи Ӯ.
ФАСЛИ (ПАНҶУМ)
[Шинохтани мақсуд аз лашкари дил ба мисоле] Шинохтани тафосили лашкари дил дароз аст ва он чи мақсуд аст, туро ба мисоле маълум шавад. Бидон, ки мисоли тан чун шаҳрест ва дасту пой ва аъзо пешаварони шаҳранд ва шаҳват чун омили хироҷ аст ва ғазаб чун шаҳнаи1 шаҳр аст ва дил подшоҳи шаҳр аст ва ақл вазири подшоҳ аст. Ва подшоҳро бад-ин ҳама ҳоҷат аст, то мамлакат рост кунад.
Валекин шаҳват, ки омили хироҷ2 аст, дурӯғзану фузулӣ ва тахлитгар3 аст ва ҳар чи вазири ақл гӯяд, ба мухолифати он берун ояд ва ҳамеша хоҳони он бошад, ки ҳар чи дар мамлакат мол аст, ҳама ба баҳонаи хироҷ биситонад. Ва ин ғазаб, ки шаҳнаи шаҳр аст, шарир ва сахт тунду тез аст ва ҳама куштану шикастан ва рехтан дӯст дорад. Ва ҳамчунон ки подшоҳи шаҳр агар мушовират ҳама бо вазир кунад ва омили дурӯғзан ва мутаммеъро4 молида дорад ва ҳар чи вай бар хилофи вазир гӯяд, нашунавад ва шаҳнаро бар вай мусаллат кунад, то вайро аз фузул боздорад ва шаҳнаро низ кӯфта ва шикаста дорад, то пой аз ҳадди хеш берун наниҳад ва чун чунин кунад, кори мамлакат ба низом бувад, ҳамчунин подшоҳи дил чун кор бо ишорати вазири ақл кунад ва шаҳвату ғазабро зери даст ва ба фармони ақл дорад ва ақлро мусаххари эшон нагардонад, кори мамлакати тан рост бувад ва роҳи саодат ва расидан ба ҳазрати Илоҳият бар вай бурида нашавад. Ва агар ақлро асири шаҳват ва ғазаб гардонад, мамлакат вайрон шавад ва подшоҳ бадбахт гардад ва ҳалок шавад.
ФАСЛИ (ШАШУМ)
[Роҳи дурусти ба кор бурдани шаҳвату ғазаб ва тану ҳавос ва ақлу дил] Аз ин ҷумла, ки рафт, бидонистӣ, ки шаҳвату ғазабро барои таому шароб ва нигоҳ доштани тан офаридаанд. Пас, ин ҳар ду ходими тананд ва таому шароб алафи тан аст ва танро барои ҳаммолии ҳавос офарида-
1 Доруға. Калонтар.
2 Молиёт.
3 Ёвасаро ва муғотакор.
4 Пуртамаъ.
анд: пас тан ходими ҳавос аст. Ва ҳавосро барои ҷосусии ақл офаридаанд, то доми вай бошад, ки ба вай аҷоиби сунъи Худои таъоло бидонад; пас ҳавос ходими ақланд. Ва ақлро барои дил офаридаанд, то шамъ ва чароғи вай бошад, ки ба нури вай ҳазрати Илоҳиятро бинад, ки биҳишти вай аст. Пас ақл ходими дил аст. Ва дилро барои назораи ҷамоли ҳазрати Рубубият офаридаанд.
Пас чун бад-ин машғул бошад, банда ва ходими даргоҳи Илоҳият бошад ва он чи Ҳақ таъоло гуфт, ки: «Ва мо халақту-л-ҷинна ва-л-инса илло ли йаъбудуни»1 маънии вай ин аст.
Пас дилро биёфариданд ва ин мамлакату лашкар бар вай доданд ва ин маркаби танро ба асирӣ ба вай доданд, то аз олами хок сафаре кунад, бо аъло иллиййин. Агар хоҳад, ки ҳаққи ин неъмат бигузорад ва шарти бандагӣ ба ҷой орад, бояд ки подшоҳвор дар садри мамлакат бинишинад ва аз ҳазрати Илоҳият қибла ва мақсад созад ва аз охират ватану қароргоҳ созад ва аз дунё манзил созад ва аз тан маркаб созад ва аз дасту пою аъзо хидматгорон созад ва аз ақл вазир созад ва аз шаҳват ҷобии2 мол созад ва аз ғазаб шаҳна созад ва аз ҳавос ҷосусон созад ва ҳар якеро ба оламе дигар муваккал кунад, то ахбори он олам ҷамъ ҳамекунанд ва аз қуввати хаёл, ки дар пеши3 димоғ аст, соҳиббарид4 созад, то ҷосусон ҷумла ахбор назди вай ҷамъ ҳамекунанд. Ва аз қуввати ҳифз, ки дар охири димоғ аст, харитадор5 созад, то руқъаи ахбор аз дасти соҳиббарид меситонад ва нигоҳ медорад ва ба вақти хеш бар вазири ақл арза мекунад.
Ва вазир бар вафқи он ахбор, ки аз мамлакат ба вай мерасад, тадбири мамлакат ва тадбири сафари подшоҳ мекунад; чун бинад, ки яке аз лашкар, чун шаҳвату ғазаб ва ғайри эшон – ёғӣ шуданд бар подшоҳ ва пой аз итоати вай берун ниҳоданд ва роҳ бар вай бихоҳанд зад, тадбири он кунад, ки ба ҷиҳоди вай машғул шавад ва қасди куштани вай накунад, ки мамлакат бе эшон рост наёяд, балки тадбири он кунад, ки эшонро ба ҳадди итоат оварад, то дар сафаре, ки фаропеш дорад, ёвар бошанд, на хасм ва рафиқ бошанд, на дузду роҳзан. Чун чунин кунад, саид бошад ва ҳаққи неъмат гузорда бошад ва хилъати ин неъмат ба вақти хеш биёбад.
Ва агар ба хилофи ин кунад ва ба мувофиқати роҳзанон ва душманон, ки
1 Ва наёфаридам ҷинну инсро, ҷуз барои он ки Маро парастиш намоянд.
2 Таҳсилдор ва маъмури ҷамъи молиёт.
3 Ҷилав ва қидом.
4 Соҳиббарид аслан ба маънии раиси чопорони давлатӣ будааст ва баъдан симати риёсати ҷосусонро доро шудааст.
5 Харита ба маънии кисаи чармии ҷойномаҳо ва ҷузвадон будааст, вале ба равиши иборат метавон харитадорро маъмури бойгониву арзномаҳо ба подшоҳ дар мавқеъи зарурат донист.
ёғӣ гаштаанд, бархезад, кофири неъмат бошад ва шақӣ гардад ва наколи уқубати он биёбад.
ФАСЛИ (ҲАФТУМ)
[Чигунагии пайдо шудани сифатҳои хубу бад дар одамӣ] Бидон, ки дили одамиро бо ҳар яке аз ин ду лашкар, ки дар даруни вай аст, алоқате аст ва вайро аз ҳар яке сифатеву хулқе падид ояд: баъзе аз он ахлоқ бад бошад, ки вайро ҳалок кунад ва баъзе некӯ бошад ки вайро ба саодат расонад. Ва ҷумлаи он ахлоқ агарчи бисёр аст, аммо чаҳор ҷинсанд: ахлоқи баҳоим ва ахлоқи сибоъ ва ахлоқи шаётин ва ахлоқи малоика; чи ба сабаби он ки дар вай шаҳвату оз ниҳодаанд, кори баҳоим кунад: чун шараҳ1 намудан бар хӯрдан ва ҷимоъ кардан; ва ба сабаби он ки дар вай хашм ниҳодаанд, кори сагу гургу шер кунад, чун задану куштан ва дар халқ афтодан ба дасту забон; ва ба сабаби он ки дар вай макру ҳилат ва талбису тахлит ва фитна ангехтан миёни халқ ниҳодаанд, кори девон кунад; ва ба сабаби он ки дар вай ақл ниҳодаанд, кори фариштагон кунад, чун дӯст доштани илму салоҳ ва парҳез кардан аз корҳои зишт ва салоҳҷустан миёни халқ ва азиз доштан худро аз корҳои хасис ва шод будан ба маърифати корҳо ва айб доштан аз ҷаҳлу нодонӣ.
Ва ба ҳақиқат гӯйӣ, ки дар пӯсти одамӣ чаҳор чиз аст: саге ва хуке ва деве ва фариштае, ки саг, ки накӯҳида ва мазмум аст, на барои сурату дасту пой ва пӯсти вай бувад, бал бад-он сифате. ки дар вай аст, ки бадон сифат дар мардум афтад; ва хук на ба сабаби сурати мазмум аст, бал ба сабаби маънии шараҳ ва озу ҳирс бар чизҳои палиду зишт. Ва ҳақиқати рӯҳи сагиву хукӣ ин маонӣ аст ва дар одамӣҳамин аст; ва ҳамчунин ҳақиқати шайтониву фариштагӣ ин маонӣ аст, ки гуфта омад.
Ва одамиро фармудаанд, ки: ба нури ақл, ки аз осори анвори фариштагон аст, талбису макри шайтон кашф мекунад, то вай расво шавад ва ҳеч фитна натавонад ангехт, чунон ки расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: «Ҳар одамеро шайтонест ва маро низ ҳаст, лекин Худои таъоло маро бар вай нусрат дод, то мақҳури ман гашт ва ҳеч шар натавонад фармуд». Ва низ вайро2 фармудаанд, ки: ин хинзири ҳирсу шаҳватро ва калби ғазабро ба адаб дорад ва зердаст, то ҷуз ба фармони вай нахезад ва
1 Ҳирс ва майли шадид.
2 Яъне одамиро фармудаанд.
нанишинад. Агар чунин кунад, вайро аз ин ахлоқ ва сифоти некӯҳосил шавад, ки он тухми саодати вай бошад ва агар ба хилофи ин кунад ва камари хидмати эшон барбандад, дар вай ахлоқи бад падид ояд, ки тухми шақовати вай гардад.
Ва агар ҳоли вай вайро дар хоб ё дар бедорӣ ба мисоле кашф кунанд, худро бинад камари хидмат баста пеши хуке ё пеши саге ва касе, ки мусалмонеро асир кунад дар дасти кофире, маълум аст, ки ҳоли вай чӣ бувад! Он кас ки фариштаро дар дасти сагу хук ва дев асир кунад, ҳоли вай аз ин фоҳиштар буда бошад.
Ва бештари халқ, агар инсоф бидиҳанд ва ҳиҷоби ғафлат баргиранд, шабу рӯз камари хидмат бастаанд дар муроду ҳавои нафси хеш ва ҳоли эшон ба ҳақиқат ин аст; агарчи ба сурат бо мардум монанд ва фардо дар қиёмат маонӣ ошкоро шавад; ва сурат ба ранги маънӣ бошад, то он касро, ки шаҳват ва оз бар вай ғолиб бувад, фардо ба сурати хуке бинанд ва он касро, ки хашм бар вай ғолиб аст, ба сурати гурге бинанд.
Ва барои ин аст, ки касе гурге ба хоб бинад, таъбири он марде золим бошад; ва агар хуке бинад, таъбири он марде палид бошад. Барои он ки хоб намудгори марг аст: бад-он қадр, ки сабаби хоб аз ин олам дуртар мешавад, сурат табаъи маънӣ мебошад, то ҳар касеро бад-он сурат бинанд, ки ботини вай чунон аст. Ва ин сиррест бузург, ки ин китоб шарҳи он эҳтимол накунад.
ФАСЛИ (ҲАШТУМ)
[Муроқибати ҳаракот ва саканоти худ] Ва чун бидонистӣ, ки дар ботин ин чаҳор қаҳрамон ва корфармой аст, муроқиб бош ҳаракоту саканоти хешро, то аз ин чаҳор андар ин ҷаҳон дар итоати кадомӣ ва ба ҳақиқат бишнос, ки аз ҳар ҳаракате, ки бикунӣ, сифате дар дили ту ҳосил шавад, ки он дар ту бимонад ва дар сӯҳбати ту бад-он ҷаҳон ояд. Ва он сифотро ахлоқ гӯянд ва ҳама ахлоқ аз ин чаҳор қаҳрамон шикофад.
Агар тоати хинзири шаҳват дорӣ, дар ту сифати палидиву бешармӣ ва ҳарисиву чоплусӣ ва мунофиқиву хасисӣ ва ҳасаду шамотат ва ғайри он падид ояд; ва агар вайро мақҳур кунӣ ва бо адабу зердасти ақлу шаръ дорӣ, дар ту сифати қаноат ва хештандорӣ ва шарму ором ва зарифиву порсоӣ ва кӯтоҳдастиву бетамаъӣ падид ояд.
Ва агар калби ғазабро итоат дорӣ, дар ту кибру таҳаввур ва нопокиву лоф задан ва борнома кардан1 ва кайдоварӣ2 ва бузургхештанӣ ва афсӯс кардан3 ва истихфоф кардан ва хор доштани халқ ва дар халқ афтодан падид ояд; ва агар ин сагро боадаб дорӣ, дар ту сабру бурдборӣ ва афву сабот ва шуҷоату сокинӣ ва шаҳомату карам падид ояд.
Ва агар он шайтонро, ки кори вай он аст, ки ин сагу хукро аз ҷой мебарангезад ва эшонро далер ҳамекунад ва ҳилату макр меомӯзад, тоат дорӣ, дар ту сифати гурбузӣ (маккорӣ) ва хиёнату тахлит (иштибоҳкорӣ, ёвасароӣ) ва баддаруниву фирефтан ва талбис падид ояд; ва агар вайро мақҳур дорӣ ва ба талбиси вай фирефта нашавӣ ва лашкари ақлро нусрат кунӣ, дар ту зиракӣ ва маърифату илми ҳикмат ва салоҳ ва ҳусни хулқ ва бузургиву риёсат падид ояд. Ва ин ахлоқи некӯ, ки бо ту бимонад, аз ҷумлаи боқиёти солеҳот бошад ва тухми саодати ту бошад.
Ва ин афъол, ки аз вай ахлоқи бад падидор ояд, вайро маъсият гӯянд; ва он ки ахлоқи некӯ аз вай падид ояд, онро тоат гӯянд. Ва ҳаракоту саканоти одамӣ аз ин ду холӣ набувад.
Ва дил ҳамчун оинаи равшан аст ва ин ахлоқи зишт чун дуде ва зулмате аст, ки ба вай ҳамерасад ва вайро торик ҳамегардонад, то фаро роҳи ҳазрати Илоҳият набинад ва маҳҷуб шавад. Ва ин ахлоқи некӯ нурест, ки ба дил мерасад ва вайро аз зулмати маъсият мезудояд ва аз барои ин гуфт расул алайҳиссалом: «Иттабиъи-с-саййиата-л-ҳасаната, тамҳуҳо», «аз паи ҳар зиштӣ некӯие бикун, то онро маҳв кунад». Ва дар қиёмат дил бошад, ки ба саҳро ояд, иммо (ё) равшан ва иммо торик: «Фало йанҷу илло ман аталлоҳа би қалбин салимин»4
.

пешина
аз 176
навбатӣ