Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

ПРОТСЕСИ ИДОРАКУНИИ МАРКЕТИНГ

  1. Ҳолати талабот ва вазифаи маркетинг

  2. Консепсияҳои идоракунии маркетинг

  3. Таҳлили имкониятҳои бозор

  4. Хоста гирифтани қисмҳои мақсадноки бозор

  5. Коркарда баромадани комплекси маркетингӣ

  6. Дар ҳаёт ҷори кардани чорабиниҳои маркетингӣ

  7. Ҳолати талабот ва вазифаи маркетинг Ҳамаи шахсон дар давраи мубодила ивазкуниро ёд мегиранд. Фурўшандагон идоракунии фаъолияти бозорро ба тариқи касбӣ дар ин ҷо аз худ мекунанд.
    Идоракунии маркетинг – ин таҳлил, банақшагирӣ ва ҷорӣ кардани назорат дар ҳаёт оид ба чорабиниҳое, ки барои муқарраркунӣ, мустаҳакамкунӣ ва нигоҳдории мубодилаи фоиданок бо харидорони мақсаднок бо мақсади ба даст даровардани хоҳиши вазифаи муайяни ташкилотҳо (фирмаҳо) гузаронида мешавад. Яъне гирифтани фоида, зиёд кардани ҳаҷми фурўш, афзоиши баланд кардани қисми бозор ва ғайра.
    Вазифаи идоракунии маркетингӣ ба таъсири дараҷа, вақт ва характери талабот вобаста буда, барои ба мақсади дар пеш истода равона карда шудааст. Агар оддӣ карда гўем идоракунии маркетингӣ ин идоракунии талабот аст.
    Бинобар он менеҷер-маркетолог бояд донад, ки молҳои истеҳсоли корхонаи (фирмаи) ў дар бозор ба кадом намудҳои талабот дучор шуда метавонад. Аз ин лиҳоз дар муомилоти бозори ҳозира ҳар як фирма ба намудҳои зерини талабот дучор шуданаш аз имкон дур нест:

  8. Талаботи манфӣ. Дар ҳолати талаботи манфии бозор бисёрии харидорон баъзе молҳои пешниҳодшударо харида намегиранд. Мисол: картошкаи пастсифати ҷирмдор; гузаронидани дору ба бадани инсон; амалиётҳои стоматологӣ (дандонпизишкӣ).

пешина
аз 91
навбатӣ