Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
ҒАМРО БА ХАНДА МЕКУШТ
Овони наврасию мактабхонӣ ҳангоми мутолиаи ҳаҷвияҳои нависандагон Фазлиддин Муҳаммадиев, Саид Аҳмад ва ё тамошои филмҳои мазҳакавӣ дар иҷрои актёрҳои асил Чарли Чаплин, Юрий Никулин, Евгений Леонов ва дигарон, ки ба ҳаҷви нозук ва ҳаракату қиёфабозии таъсирбахш маро мафтуну хушҳол мекарданд, ҳавасам меомад. Он айём дар тасаввури банда эшон инсонҳои хушбахтеро мемонданд, ки умрашон ба хандаю ширинкориҳои намакин мегузарад. Ба одамон хушҳолӣ мебахшанду худ низ ҷаҳон-ҷаҳон ҳаловат мебаранд. Гумонам ин кор ба онҳо осон даст медиҳад ва дасти ғаму андӯҳ ҳаргиз ба домани ин инсонҳои хушбахт намерасад. Аммо… баъдҳо дар баробари камубеш ба фаҳми заҳмати сангини эҷодкорӣ рафтан ва ба зиндагиномаи ҳунармандон ошно гаштан дарёфтам, ки санъаткори асил ба чӣ ранҷҳо ба одамон хушҳолӣ мебахшидааст. То нафареро хандонидан худ шабҳо дар сари мизу рӯи саҳна хуни дил мехӯрдааст.
Воқиан ҳам душвор аст дили рӯҳафтодаеро бардоштан, ба қалби аз ноомадии кору душвории зиндагӣ тангу тор рӯшноӣ бахшидан. Барои анҷом додани ин амали сангин санъаткор бояд соҳиби дили дардошно, дидаи ҳақбин, нигоҳи бавусъат ба зиндагӣ, нерӯи бузурги ҳақталошӣ ва ҳамзамон соҳиби табъи баланди ҳаҷвнигорӣ бошад. Охир, то насӯзӣ, сохтан наметавонӣ. Нависандаи шинохта Фозил Искандар мегӯяд: «Ба пиндори ман барои соҳиби табъи зариф шудан бояд ба умқи маъюсию рӯҳафтодагӣ бирасӣ ва ба қаъри тираи он назар андохта бовар ҳосил бикунӣ, ки дар он ҷо низ ҳеҷ чиз нест. Сипас оҳиста ба қафо баргаштан лозим. Ана ҳамин пайи дар роҳи бозгашт гузошта хаҷви ҳақиқист».
Дар дунёи ҳунар, аз ҷумла адабиёти муосири тоҷик, ангуштшуморанд чунин санъаткорони асил, соҳибони табъи волои зариф. Зеро ба андешаи банда ҳаҷвнигорӣ мушкилтарин шохаи наср аст. Вай аз нависанда дар баробари вусъати тахаюлоти бадеӣ, ҳунари хуби забондонию дақиқназарӣ, ҳамчунин табъи баланди зарофатсанҷӣ мехоҳад. Шахсони базлахону зарофатгӯй зиёданд, аммо аз байни онҳо аҳён-аҳён ҳаҷвнигор мебарояд.
Зеро на ҳар кас метавонад фоҷиаю мазҳакаи зиндагиро дар худ баробар ҳазм намуда, сипас дар ҷомаи ҳикояи ҳаҷвӣ пешкаш намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё