Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар чанд маҷмӯаи ҳикояҳо ва ин китобе ки шумо дар даст доред, Аҳмадшоҳ таҳти унвони «Ҳикояҳои даҳанакӣ» аз сират ва зиндагии ибратомӯзи адибони шинохтаамон Қутбӣ Киром, Саттор Турсун, Гулназар, Саидалӣ Маъмур, Ҳайрат Шанбезода, Ҳоҷӣ Мурод, Гурез Сафар ва дигарон ҳикояҳои ҷолиб мекунад, ки хонанда ҳангоми мутолиаи онҳо ба дунёи рангин, ҳозирҷавобию нуктасанҷӣ ва табъи латифи адибони дӯстдоштаи хеш ошно мегардад ва боз як паҳлуи истеъдоди эшонро кашф мекунад. Бояд зикр кард, Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ ин жанри хурди адабӣ, яъне ҳикояҳои даҳонакиро, ки аз эҷодиёти классиконамон Саъдию Убайди Зоконӣ, Восифию Ҷомӣ об мехӯрад, ба тарзи нав зинда кард.
Азбаски банда ба Аҳмадшоҳ дар як деҳа ба дунё омада ба воя расидаем, дар ҳаҷвияҳои ӯ симои бисёр ҳамдеҳагони хешро мебинам. Нависанда баъзан ба номи аслиашон овардааст онҳоро. Ҳарчанд ин нафарон ба зарофаргӯию табъи латифашон дар деҳа ном баровардаанд, Аҳмадшоҳ ба сеҳри килки хеш ин қариҳаи эшонро дар назари хонанда дучанд афзудааст. Дар баробари ин вай бисёр мақолу зарбулмасал ва калимаҳои хоси минтақаи моро, ки ҳарчанд дар забони классикиамон вомехӯранду ба мурури замон аз истифода баромадаанд, дар ҳикояҳояш ба кор бурда ба онҳо умри дубора бахшид. Бояд зикр намоем, ки забони ҳикояҳои Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ хеле пухтаанд. Азбаски ҳаҷв ихчамӣ мехоҳад, вай мекӯшид дар ҳикояҳояш ба қадри имкон ягон чизи барзиёд набошад. Ва ба ин муваффақ ҳам шудааст.
Дар деҳаи мо Маҳтоб ном пиразане мезист, ки ба номуросокориаш нисбат ба беадолатиҳо вирди забонҳо буд. Як зани мактабнадида, аммо аз таҷрибаи рӯзгор зиёд баҳра бардошта, талхию ширинии ҳаётро чашида, пастию баландии зиндагиро ба сари баланд паймуда буд вай. Аҳмадшоҳ чанд сол қабл силсилаҳикоёте аз лаҳзаҳои умри ин зани озода таълиф намуда, таҳти унвони «Холаи Маҳтоб» дар шакли китобча ба табъ расонд.
Аз тарафи хонандагон хуш пазируфта шуд ин китоб, аммо боиси ранҷиши фарзандону наберагони кампир гардид. Рӯзҳое ки ман дар деҳа будам, ҳанӯз оташи ғазаби ворисони холаи Маҳтоб паст нашуда буд. Баъди ба шаҳр баргаштан ба Аҳмадшоҳ аз боиси ранҷиш гаштани китоби наваш гуфтам.
– Аз чӣ ранҷидаанд? – пурсид вай.
– Масалан, ҳамон ҷумлаи «Холаи Маҳтоб набераашро аз кӯча ҷеғ мезанад: «Акобир, ҳо-о Акобир!

пешина
аз 231
навбатӣ