Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот

Нашри нави қисми дуюми китоби «Забони адабии ҳозираи тоҷик» (Синтаксис) бо такмилу таҳрир чоп мешавад. Мусаввадаи китоби мазкур дар кафедраи забони тоҷикии Университети давлатии ба номи В. И. Ленин РСС Тоҷикистон бо роҳбарии профессор Д. Т. Тоҷиев муҳокима шуд. Олимони ин кафедра барои беҳтар шудани сифати китоби дарсӣ маслиҳатҳои пуркимат доданд. Муаллифон ҳангоми ба чоп ҳозир кардани китоб онҳоро ба қадри тавон ба ҳисоб гирифтанд ва ҳоло аз фурсат истифода карда, ба рафиқони мӯҳтарам изҳори миннатдорӣ менамоянд.

Муаллифон:

Назаршоҳ Бозидов — «Пуркунандаи бавосита»; Фарҳод Зикриёев — «Мухотаб», «Аъзоҳои туфайлии ҷумла», «Воҳидҳои эзоҳӣ»; Муҳаммадӣ Исматуллоев — «Пуркунандаи бевосита», Ҳилол Каримов — «Нутки айнан ва мазмунан нақлшуда»; Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов —«Мубтадо», «Ҷумлаҳои соддаи яктаркиба», «Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ»; Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов ва Салом Абдурахимов — «Ҳолҳои тарзи амал, миқдору дараҷа, монандӣ»; Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов ва Раззоқ Ғаффоров —«Хабар»; Шавкат Ниёзӣ ва Фарҳод Зикриёев — «Ҷумлаи мураккаби пайваст», Шарофиддин Рустамов —«Муқаддима», «Воситаҳои грамматикии алоқа дар ибора ва ҷумла», «Ҷумлаҳои содда аз ҷиҳати маъно ва интонация», «Баёния», «Ҳол», «Ҳолҳои макон, замон, сабаб, мақсад, шарт, хилоф», «Ҷумлаҳои мураккаби сертаркиб»; Раззоқ Ғаффоров — «Ибора», «Муайянкунанда».

аз 312
навбатӣ