Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Бояд қайд кард, ки пешояндҳои аслии забони тоҷикӣ дар ҷараёни тараққиёти дурударози таърихӣ — аз давраҳои қадим то замони мо — маънои асосии худро маҳфуз доштаанд. Чунончи, пешоянди аз ҳанӯз ҳам асосан ба сарчашмаи амал далолат менамояд, пешоянди ба сӯйро нишон медиҳад ва ғайра. Аммо дар давраи ҳозира доираи ифодаи маънои пешоянд боз ҳам васеъ гардида, муносибати синонимиаш афзудааст. Маҳдуд шудани маънои грамматикии пешояндҳо, баръакс, кам мушоҳида мешавад. Аз ҷумла пешоянди дар (андар) дар забони адабии ҳозираи тоҷик аз маънои худ — нишон додани амали ба дохили предмет равона қариб маҳрум шудааст. Ба мисли ҳамин маънои пешоянди бо ҳам ҳоло маҳдуд гардидааст.

Дар забони ҳозираи тоҷик ҳар кадом аз пешояндҳои аслӣ як системаи мураккаби синтаксисию семантикиро ташкил менамояд, ки сабаби ин ба хусусияти сохти грамматикии забон алоқаманд мебошад, зеро маҳз ба туфайли тақозои он вазифа ва роли пешоянд дар нутқи мо афзудааст.

Пешояндҳои изофӣ ва ё номӣ ҳамчун хели нави пешоянд тадриҷан аз ҳиссаҳои номии нутқе, ки дар вазифаҳои ёварию илова истифода мешаванд, сурат ёфтаанд. Пешояндҳои номӣ вобаста ба вазифаҳои нави забон, ки яке аз онҳо аниқ ва конкрет ифода кардани ҳодисаҳои гуногуни ҳақиқати объективӣ мебошад, ба вуҷуд меоянд. Ин хели пешоянд ҳанӯз дар давраи миёнаи забонамон ва минбаъд дар асарҳои аввали адабиёти классикӣ қайд шудаанд. Масалан, дар осори хаттии асри Х («Таърихи Сиистон») дар вазифаи пешояндҳои изофӣ бештар ҳиссаҳои номии зерин бо мафҳуми масоҳат кор фармуда шудаанд: пеш, пас, миёна, сӯй, гирд ва ғайра. Бо мурури замон ба қатори пешояндҳои изофӣ миқдори зиёди калимаҳои маънодор ворид гаштанд. Дар забони ҳозираи тоҷик пешояндҳои изофие, ки аз исмҳои ифодакунандаи узви инсон (сар, гардан, лаб ва ғайра) ва ё аз исмҳои абстрактмаъно — васф (дар васфи...), восита (ба воситаи...), сабаб (ба сабаби...), шарофат (ба шарофати...) ва ғайра пайдо шудаанд, серистеъмоланд.

ТАРКИБИ МОРФОЛОГИИ ПЕШОЯНДҲО

Пешояндҳои забони ҳозираи тоҷик аз рӯи таркиби морфологӣ ба гурӯҳҳои зерин тақсим мешаванд: 1) пешояндҳои аслии содда: аз, ба, бар, бо, дар, то, бе, ҷуз; 2) пешояндҳои аслии таркибӣ: то ба, ҷуз аз, ба ҷуз. Ба ҷумлаи пешояндҳои аслии соддаи забони ҳозираи тоҷик пешоянди барои низ дохил мешавад, ки он таърихан ба назар ҳамчун ихтисорҷудаи таркиби пешоянди ба ва пасоянди -ро (аз пасоянди забони давраи қадим -радиӣ, ки мафҳуми сабаб ва мақсадро ифода

пешина
аз 457
навбатӣ