Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

сараш (А. Деҳотӣ, Ба модар — ба Ватан). Дасти ларзони ошиқи шайдо — Ҳалқа беинтизом бар дар зад (М. Турсунзода). Мана, бар лаби рӯди Омӯ расидам,— Садоҳои мавҷаш ба гӯшам шунидам (М. Турсунзода, Чароғҳои Ватан). Акнун бар шоҳҳои ҳамаи дарахтони сарҳавз лампаҳои чилуми овезаро овехта буданд (С. Айнӣ, Колхози «Коммунизм»). Ин пирмард... бар сараш ҳам саллаи сафед печонда, фашашро монандӣ муллоён ба печи саллааш халонда монда буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

  1. Барои нишон додани сӯи амал ба предмет (адресат): Модари хушнудуда назди мо омада менишасту чашм бар писаронаш медӯхт (П. Толис, Вародарон). Модари мушфиқ туй бар насли заҳмат, эй Ватан (А. Деҳотӣ, Ба модар — ба Ватан).

  2. Макони предмет ва ё воқеъ гардидани амал: Дар вақти гармо бар он суфа нишастан ва ба оби равони рӯд назар андохтан ба кас роҳат мебахшид (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Аммо дастонамро болои ҳам бар синаам мондам (С. Айнӣ, Мактаби кӯҳна).

Пешоянди то

Пешоянди то барои нишон додани ибтидо ва интиҳои амал дар масоҳа ва замон кор фармуда мешавад: Як рӯзи баҳор Қурбонниёз-тағоям моро то Ғиждувон бурда монд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Яъқуббой... бо пиёдагардони эшон пеш даромада то дари ҳавлиаш омад... (С. Айнӣ, Дохунда). Баъд аз он поҳои худро то зону шуст (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Эҳтимол, то рафтани шумо онҳо гӯсфандоншонро ба чаро гирифта бароранд (С. Айнӣ, Ғуломон). Модар дар ҷамъомади коргарони завод, ки писараш то ҷанг дар он ҷо кор мекард, аз ин зиёд сухан гуфта натавонист (Р. Ҷалил, Модар). ...аз ин орде, ки мо мебарем, бояд то пагоҳ барои кӯҳканҳо нон пазанд (П. Толис, Чароғҳо).

Пешоянди то мафҳумоти фарқиятро низ ифода менамояд. Масалан: Одам то одам фарқ мекунад. Аммо ман он вақтҳо фарқи суф то шоҳиро намедонистам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Пешоянди бо

Пешоянди бо дар маъноҳои асосии худ барои нишон додани ҳамроҳӣ ва воситаи иҷро кор фармуда мешавад. Ғайр аз ин вобаста ба семантикаи исм ва феъл тобишҳои маъноии иловагии гуногуни он зоҳир мегарданд.

  1. Дар иҷрои амал муштарак будан ва ё ҳамроҳ шудан ба чизе ё шахсе: Дар вақтҳои барфборӣ бомҳои ин ҳавлии калонро бо саис ман мерӯфтам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Во шумо
пешина
аз 457
навбатӣ