Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

(М. Турсунзода, Меҳмони магрибӣ). Ин дафъа аввалин буд, ки кас Мирюсуфро дар кӯчаву роҳ бе портфел медид (А. Деҳотӣ, Портфел). Бе рафиқи ростгӯе кор кардан мушкил аст, Рост гӯем — зиндагӣ бе ёр кардан мушкил аст (А. Лоҳутӣ).

Пешоянди ҷуз

Пешоянди ҷуз мисли пешоянди бе муносибатҳои масоҳагиро ҳаргиз ифода нанамуда, ба маънои истисно меояд: Аз илм мурод ҷуз амал нест (Камоли Хуҷандӣ). Ҷуз машина, азизи ман, худ гӯй — Кор осонкунанда дигар чист (М. Турсунзода, Ҳасани аробакаш).

Дар назм пешоянди аз забони арабӣ гирифташудаи бидуни, ки ҳаммаънои пешояндҳои бе ва ҷуз мебошад, кор фармуда мешавад: В-ин замон мо ба вай намуда зафар — Бо дили хуш, бидуни биму хатар (А. Лоҳутӣ, Суханҳои вирди забон).

Пешоянди барои

  1. Пешоянди барои дар нишон додани мақсад ва таъиноти амал ба кор бурда мешавад: Аҳмад-махдум ба ин ҷо барои дамгирӣ меомад (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Агар дар вақти ҷавониаш ҳунарҳои зӯрозмоии худро барои бозӣ ва дилхушӣ кор мефармуда бошад, акнун барои интиқомгирӣ аз душманҳои пурзӯр кор фармудан хост (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Барои оташдон ҳезум шикаста медодам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Аз вай барои шустушӯи аспон ва об задани рӯи ҳавлӣ фоида мебурданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

  2. Пешоянди барои ба фоидаи касе ва ё барои чизе равона гардидани амалро мефаҳмонад: Шунидани ин саргузашт барои шумо фоида дорад, бачагонам (Р. Ҷалил, Ҳикояи Бобо Барот). Падарам барои шумо як ҷомаи рӯпӯшии нав... тайёр карда мондаанд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Мо барои сулҳ мубориза мебарем.

Пешоянди барои бо пешоянди аслии аз омада (аз барои), тобиши таъкидиеро ба худ мегирад: Аз бароят ҷон диҳад инсон агар, арзандай (М. Турсунзода).

Пешояндҳои аслии таркибӣ

Пешояндҳои аслии таркибии то ба, ба ҷуз, ҷуз аз — аз ду ҷузъ иборат буда, яке аз онҳо соҳиби маънои асосӣ мебошад, дигараш маънои иловагие дорад, ки тобиши таъкидӣ ба худ мегирад.

пешина
аз 457
навбатӣ