Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

нахр шасту қалмоқ бардошта гаштӣ (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё).

Пешоянди рӯ-рӯи амалеро нишон медиҳад, ки дар сатҳи макон воқеъ гардидааст: Кӯҳистонибача Давлат, ки бо ҳамсолони худ бозикунон чанд бор то ба ин ҷо омада буд, оҳубаравор рӯй-рӯи сабзаҳои навхез тохта мерафт (Р. Ҷалил, Шӯроб). Аз паси заврақча судони духтари хушпайкари зебое дар либоси шиноварӣ ресмонеро дошта савораи лижаи обӣ рӯй-рӯи дарё медавид (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё).

Пешоянди таг-таги маконеро нишон медиҳад, ки амал аз таги вай равон шудааст: Ва дар он таг-таги қалъа рафта, аз пеши Майдони Машқи Сарбоз гузашта, ба паҳлуи дарвозаи Самарқанд расидам... (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Об равад таг-таги яхҳои пир — Мисли ҷавоҳир зи дили ҳар адир (М. Турсунзода, Меҳмони мағрибӣ). Вайҳо тангкӯча ба тангкӯча гашта, таг-таги майдон рафта, баъди аз чойхона дур шудан ба роҳи калон баромада мегирифтанд (А. Сидқӣ, Фарзанди замон).

Пешоянди сар-сари амалеро мефаҳмонад, ки он ба дарозии ягон ҷой ва ё предмет аз сар то сараш равона мегардад:
Раис ба фикру хаёл ғӯта зада, сар-сари вокзале мерафт, ки ман ба вай саволе дода, хомӯшии ӯро бартараф кардам (А. Сидқӣ, Фарзанди замон).

Пешоянди дарун-даруни... Амалеро нишон медиҳад, ки аз даруни ва ба дарозии маконе мегузарад: Давлати харсавор дарун-даруни дараи пурхамупеч меомаду манзараи роҳ ба хотираш кӯҳсори ватани ӯ — Бадахшонро меовард (Р. Ҷалил, Шӯроб).

Пешоянди пеш-пеши, пешопеши маконе ва ё предметеро мефаҳмонад, ки амал дар пеши он макон ва ё предмет воқеъ гардидааст: Пешопеши ҳама Скворцов мерафт (П. Толис, Дар бӯрон).

Пешоянди гирд-гирди, гирдогирди... сӯи амалеро, ки ба гирди предмет ва ё ба ҷое равона шудааст, мефаҳмонад: Шаддаҳои чароғони электрик гирдогирди моро печонида гирифта буданд (А. Сидқӣ, Фарзанди замон). Пагоҳ аз хоб мехезад, ки гирдогирди лабонаш пур-пури табхол (Р. Ҷалил, Афсонаи сеҳрнок). Ин пешоянд бо пешоянди аслии дар ҳам меояд: Дар гирдогирди ин лаъли пустакҷое ба замин паҳн карда буданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Пешояндҳои номии таркибӣ
(ғайриизофӣ)

Пешояндҳои номии таркибӣ аз исм ва ё зарф ва пешояндҳои аслӣ сохта мешаванд: пеш аз, баъд аз, пас аз, ғайр аз,
нисбат ба, оид ба, назар ба, берун аз, бахшида ба. Сохти ин
пешояндҳо он қадар устувор нест, махсусан пешояндҳои

пешина
аз 457
навбатӣ