Олимон

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 34 саҳифа
Абдунабӣ Сатторзода соли 1941 дар деҳаи Варзикандаи ноҳияи Панҷакент, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби 7-солаи деҳааш ба омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент дохил шуда, курси пурраи онро ба итмом мерасонад. Пасон, факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуда, ба аспирант ура дохил мешавад. Ӯ адабиётшиноси варзида буда, унвони илмии докториро (1985) соҳиб мешавад, профессор мебошад.
Фаъолияти меҳнатии ӯ соли 1963 ба ҳайси лаборанти калони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон оғоз ёфтааст.
Солҳои 1964-1967 аспирант, солҳои 1971-1977 дотсент, 1984-1985 мудири кафедраи адабиёти классикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, 1985-1987 устоди Донишгоҳи Кобул. Солҳои 1987-1993 фаъолияти омӯзгориро дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон давом дода, сипас ба фаъолияти ҷамъиятию давлатӣ машғул шудааст. Солҳои 1993-2000 дар кори Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократии Тоҷикистон иштирок дошт. Солҳои 1999-2006 муовини Вазири Корҳои хориҷии Тоҷикистон буд. Аз 1 апрели соли 2006 дар вазифаи Сардори раёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ҳамзамон раиси бунёди Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, узви садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эрон ва Туркия ва бисёр вазифаҳои дигар.
Таълифоти илмиву адабии А.Сатторзода дар бисёр мамлакатҳо ба табъ расидаанд. Таҳти роҳбарии ӯ чандин унвонҷӯ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя кардаанд.
Устод аз соли 1980 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, муаллифи китоби «Адабиёти тоҷик» барои синфи 8 (2009) мебошад. Барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, Кордори Фавқулода ва Мухтори дараҷаи аввал, дорандаи ордени «Шараф» ва дигар мукофотҳо мебошад.
Файзулло Ансорӣ соли 1931 дар деҳаи Некноти деҳшӯрои ба номи Рӯдакии ноҳияи Панҷакент, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё