Зеҳн
Мусоҳиби офтоб

«Мусоҳиби офтоб» чорумин маҷмӯаи ашъори шоираи тоҷик Раънои Мубориз аст. Китобҳои пештар чопшудаи шоира бо номҳои «Гаҳвораи сангин», «Навои найсон» ва «Садбарги кӯҳӣ» дар дасти ҳаводорони каломи мавзунанд. «Мусоҳиби офтоб» бо нафаси нафистару диди рӯшантаре иншо шуда. Бовар дорем, ки нури ниҳонии ин таронаҳои офтобӣ ба дилу манзилҳо ҳарорат мебахшад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 82 саҳифа

Шеър

ШАБИ ХУРШЕДӢ

ТАМАННОИ ШОИРОНА
(Ба хонандаи ин ашъор)

Чаман-чаман гулаки ёсамин фидои ту бод,
Ватан-ватан санами нозанин фидои ту бод.
Бимон аз они ту бодо, ҳар ончи хушрӯ аст,
Даҳан-даҳан сухани хуштарин фидои ту бод.
Ҳарими сабз бибодат ҳамеша пойандоз,
Хутан-Хутан нафаси анбарин фидои ту бод.
Ба ҷуз таноби муҳаббат мабин таноби дигар,
Яман-Яман парии маҳҷабин фидои ту бод.
Худо кунад, ки расад умри ту ба ҷовидон,
Даман-даман ғазали хуштанин фидои ту бод.
Ба аҳли байтат, илоҳо, ки офате нарасад,
Заман-заман назари некбин фидои ту бод.
Ҳамора бош саропо пури ҳузуру сурур,
Чакан-чакан тани нозофарин фидои ту бод.
Муборизи раҳи ишқам, бимон ба раъноӣ
Чу ман-чу ман каси зӯру матин фидои ту бод!
марти 2006

ЧАКОМАИ ВАҲДАТ
(Ба ифтихори солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ)

Имрӯз замона меҳрубон гардида,
Дунёи куҳан магар ҷавон гардида?
Имрӯз муҳаббат аст султони ҷаҳон,
Хуршед ба моҳ ҳамқирон гардида.

аз 82
навбатӣ