Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт

Адиби писандида ва инсони шикастанафс

Адабиёти тоҷикии замони шӯравии асри гузашта дар солҳои баъди интиқоди шахспарастии Сталин ва андак нарм шудани фазои сарди зиндагии иҷтимоиву сиёсӣ дар замони ҳокимияти Хрущёв дар худ асаре аз озодии баёнро эҳсос карда, дар ҷустуҷӯи бадеӣ ба дастовардҳои назаррасе соҳиб гардид. Насри бадеӣ, осори ғиной ва намоишӣ хеле бисёр ва дар пояи дигари сифатӣ эҷод шуданд. Адабиёт барои кӯдакон ва наврасон низ ба марҳалаи тозаи инкишоф баромад ва метавон гуфт, ки он маҳз дар солҳои 60 асри гузашта рӯ ба рушду камол ниҳод. Фақат зикри номи аслу насаби аҳли адаб, ки ба таври ҷиддӣ ва ҳирфаӣ барои таълифи асарҳои бахшида ба бачагон пардохтанд, кифоя аст, то дар бораи ин ҷунбиш ва пешрафт тасаввуре пайдо карда бошем.
Абдусалом Деҳотӣ, Мирсаид Миршакар, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Пӯлод Толис, Ғаффор Мирзо, Гулчеҳра Сулаймонова, Болта Ортиқов, Абдумалик Баҳорӣ, Убайд Раҷаб, Акобир Шарифӣ, Наримон Бақозода, Нӯъмон Розиқ, Додоҷон Раҷабӣ, Насим Раҷаб, Ҷӯра Ҳошимӣ ва боз чанди дигарон дар идомаи устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода мувофиқ ба табъу завқ ва ҳолоти равонии кӯдакону наврасон осори насриву назмӣ ва намоишӣ эҷод менамуданд. Ҳар яке аз ин навъҳои адабӣ шакли ба худ хос низ гирифт. Насри адабии барои бачагон ҳам дар ин радиф аз навъҳои пешрави адабӣ гардида, дар он сабқҳои фардии адибон бештар ба зуҳур омад.

Нависанда Мустафо Шарқӣ (1920–1985), ки чанд муддат пеш аз ин ба рӯзи мавлудаш 85 сол пур шуд, яке аз адибони шинохтаи тоҷик дар насрнависӣ барои бачагон ба шумор меравад. Аҳли нақд ва адабиётшиносии барои кӯдакон ва наврасон, масалан, устоди равоншод Раҷаб Амонов, Ҷонон Бобокалонова ва Масъуд Муллоҷонов эҷодиёти ӯро дар баҳси ин риштаи адабиёт ба қалами нақду тадқиқ кашиданд, вале осори вай дар мукаммалӣ хеле кам мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, балки чунин як кӯшиш то имрӯз анҷом дода нашудааст. Ҳол он ки қиссаву ҳикояҳои ӯ ба сифати асарҳои бадеии барои бачагон аз бисёр ҷиҳат ҷолиби диққат мебошанд. Дар ин мақола низ, албатта, мақсад на таҳлили ҳамаҷабҳаи эҷодиёти Мустафо Шарқӣ аст, балки мо дар назди худ ният гузоштем, ки як бор рӯзгор ва осори ӯро дар яклухтӣ пеши назари аҳли завқ оварем, то ба ин васила аввалан як ёдоварие аз ӯ шуда бошад ва дар айни замон боиси минбаъд мавриди таваҷҷӯҳи ҷиддии аҳли тадқиқ қарор гирифтани осори нависанда гардад.

аз 349
навбатӣ