Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Офаридгори якто мусиқаро баробари ҷони одам ато карда, ба зиндагии рӯзмарраи он баробари тамоми амалҳо зарурӣ ҳисобид ва осоиши ҷони инсонҳо ва таскини рӯҳи онҳо ба навою мусиқа вобаста гардид. Аз ин лиҳоз ҳама одамон мусиқаро дӯст медоранд, дар лаҳзаҳои шодию сурури умр ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ба он рӯ меоваранд ва ҳатто яке аз пайғамбарон — ҳазрати Довуд пиру саромади ҳофизову овозхонҳо маҳсуб мешавад, ки ин далел гуфтаҳои болоро комилан тасдиқ мекунад. Мо аз китобҳои таърихию достонҳои пурошуби бузургҳои илму адаби халқи худ медонем, ки аз қадимулайём тоҷикон дафу най, карнаю сурнай, барбаду чанг, дутору танбӯр, доираю рубоб ихтироъ ва истифода кардаанд. Дар «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ омадааст, ки чӣ гуна дар аҳди бостон ниёгони мо асбобҳои мусиқиро ихтироъ кардаанду ҳатто дар лаҳзаҳои барои зиндагии омма душвор, бахусус дар лаҳзаҳои оғози ҷангу набард онҳоро менавохтанд, то ҷавонмардон бо рӯҳи қавию сари баланд ба зидди душмани ватани хеш бархезанд. Машҳуртарин мусиқидон ва ҳофизи волоҳунар дар аҳди қадим Борбади Марвазӣ буд, ки бо лаҳни тоҷикона суруду тарона мехонд ва шаҳомати подшоҳони сосониро, хоса Хусрави Парвезро ситоиш мекард. Оҳангҳои офаридаи ӯ барои ба вуҷуд омадани мусиқии абадзиндаи халқи мо «Дувоздаҳмақом» ва минбаъд «Шашмақом» таконе бахшидаанд. Борбад дар ҳунар танҳо набуд. Дар паҳлуи ӯ даҳҳо нафар мусиқорҳо, навозандагон, овозхонҳо ва ҳунарварони мумтоз зиндагӣ ва фаъолият доштанд, ки охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар бораи онҳо таърихнигорон ва санъатшиносони тоҷику эронӣ даҳҳо китобу рисола интишор кардаанд, ки ба муносибати 1400-солагии Борбади Марвазӣ буд.

Дар аҳди Сомониён шуҳратёр низ ҳамин гуна буд. Зиндагиномаи ҳамдиёри абадзиндаи мо устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки ба дарбори Сомониён бо шеъру тарона ва мусиқию чагонай махсуси тоҷикона ворид гардид, далели раднопазири таърихи тӯлонӣ доштани санъати мусиқии тоҷик бошад. Робияю Абӯшакури Балхӣ ва Дақиқӣ барин шогирдони устод Рӯдакӣ ҳама мусиқадон ва навозанда будаанд. Омӯзиши осори Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ва ҳаким Умари Хайём собит мекунад, ки аллакай аз асри даҳуми мелодий шурӯъ карда, донишмандон, шоирону олимон санъати мусиқиро дар радифи илм гузошта, дар илми мусиқӣ рисолаҳо офаридаанд.

пешина
аз 194
навбатӣ