Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
повести «Одина»-и С. Айнӣ» дифоъ намуд. Ноил гаржидан ба унвони расмии илмӣ барои А. Кӯчарзода ҳам боиси ифтихор буду ҳам ба дӯш гирифтани масъулияти пажӯҳишгари шохаи таҳқиқнашудаи илми адабиётшиносӣ.
Ӯ бо ҳамон заҳматписандӣ ва дақиқназарии хоси худ асару мақолаҳои дар мавриди матншиносӣ ва нақди матн таълифгардидаро мавриди омӯзиш қарор дод ва бо баҳрабардориву иртибот ба пажӯҳиши илмии матншиносони номдори ватаниву хориҷӣ аз қабили С. Айнӣ, А. Мирзоев, Х.
Мирзозода, Ш. Ҳусейзода, Р. Ҳодизода, С. Табаров, Р.
Амонов, Ҳ. Отахонова, А. Афсахзод, Б. Тилавов, Б.
Шермуҳаммедов, Н. Сайфиев, А. Насриддинов, А.
Маҳмадаминов, А.М. Хуросонӣ, Д.С. Лихачёв, А.А.
Шаҳматов, В.Н. Перетс, Б.В. Тамашевский, С.И. Прохоров, Н.К. Пиксанов, Б.Я. Буҳштаб, В.С. Бородин, В.А. Жуковский, Б.М. Эйхенбаум, Е.Э. Бертелс, А.Н. Болдирев, С.А. Рейсер, М.Н. Османов, С.И. Тимина, А.Л. Гришунин, Л.П.
Чрелашвили, Эрачи Афшор, Ваҳиди Дастгирдӣ, И.А.
Абдулин, Л.А. Фрейберг ва... ба таҳқиқи матншиносӣ ва ҷузъиёту қонуниятмандиҳои дохилии он машғул гардида, асару мақолаҳои арзишманде таълиф намуд, ки баёнгари назар ва диди тозаи илмӣ ба ин масъала мебошад. Бар иловаи мақолаҳои зиёд, китобҳои «Тадқиқи текстологии «Одина»-и С. Айнӣ» (1982), «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик»
(1994), ки арзиши баланди илмӣ доранд, то дифои рисолаи докторӣ ба табъ расидаанд. Дар пажӯҳиши масъалаҳои мубрами илмӣ таҳаммул ва тамкин шеваи хоси ин муҳаққиқи асили адабиёт мебошад. Баъди 19 соли дифои рисолаи номзадӣ бо андӯхтани таҷриба ва дониши мукаммали назариву амалӣ соли 1997 рисолаи доктории хешро дар мавзӯи «Мавқеи нақди матн дар адабиётшиносии тоҷик ва масъалаҳои матншиносии насри С. Айнӣ» дифоъ намуд ва натиҷаи заҳмати пайвастаи ӯ сазовори баҳои баланди донишмандони варзидае чун М. Шакурӣ, Р. Ҳодизодаву А.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё