Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
ХУМОР
Зангӯлаи дар садо дод. Ҳарчанд кӯшидам, ки аз болин сар бардорам, нашуд. Дубора чашм пӯшидам. Баъди чанде боз садои зангӯла баланд шуд. Боз... Боз... Коҳилона аз ҷой хестам ва шиппакро кашолакунон то таги дар расидам.
- Кист?
Дар ҷавоб занги дар болои ҳам садо додан гирифт. Калидро тоб додам ва боэҳтиёт дарро кушодам. Не, ҳанӯз дарро накушода будам, ки дилам ширин ларзид. Кист, ки дари кулбаи эҳзони маро мекубад? Оё ба хотири касе расидам?
Ман ба рӯйи ояндагон чашм намеандохтам. Фақат домони пироҳану пойафзоли ишонро медидам. Онҳо се нафар буданд. Худро ақиб кашидам ва бесухан ба ҳавлӣ хондамашон. Ҳанӯз намедонистам, ки меҳмонони ман кистанд. Қалбам ноором метапид. Воқеан омадагон ҳама зан буданд. Бонувоне гуногунсол. Ман инро аз сабки либоспӯшии онҳо эҳсос кардам. Яке кафшу махсӣ ба по дошт ва ба тан пироҳани ниҳоят дарозу васеъ аз чити сафед. Чити сафеди гулдор. Аз дил гузаронидам, ки ин тарзи либоспӯшии занони солори зодгоҳи банда аст. Ба ёди модарам дилам гум зад. Худро маҷбур месозам, ки сар бардорам ва соҳиби куртаи майдагулро модари хеш бибинам. Нигоҳам оҳиста-оҳиста боло мелағжад. Инак, остинҳои дарозу васеъ, ки ангуштони дастро қариб батамом пӯшидаанд. Камзӯли сиёҳ... ва ниҳоят сурати ӯ... Худоё, ин модари ман аст! Модари ман, ки аз вуҷудаш нур меборад ва нигоҳе ғамгин ба рӯям меандозад. Яке аз меҳмонон хоҳарбузурги ман аст, саввумиро нашинохтам. Вале ман ба дуи онҳо таваҷҷӯҳ намекардам. Модарам ба сояи дарахти хурмо мегузарад, ман бароиш курсӣ меоварам. Гиристан мехоҳам. Сар ба синаи нармаш мегузорому сахт канораш мегирам. Бӯй мекашаму оби дида мерезам. Аз шодӣ оби дида мерезам? Ашки ҳасрат аст ин. Гиряест олудаи тарс. Бим дорам, ки ин рӯзӣ бошад ва ё маҳсули тахайюлоти ман. Аз чӣ бошад, ки ман дигар худро идора карда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё