Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
ҳам ҳоло музтар метобад), ҳамон ранг, ки модарам ёзида буд. Бо ноз сар мемонам, чунон ки чанд лаҳза қабл сар ба синааш гузошта будам. Ашк марҷон мекунам, ба фоме, ки пеши модар гириста будам. Оё ман хушбахт буда метавонам, ҳамон тавр ки дақиқае пеш будам? Оре, ман чанд дақиқа қабл аз ин хушбахт будам, вале саодати ман бимолуда буд. Аз азал пушт-пушти шодиҳои ман деве доманигуру дунболагир будааст. Ман дар хонае, ки гирди оташдонаш чашм ба дунёи ҳастӣ кушодаам, бо бибии афсонагӯям, дар сӯҳбати бобои пурдону андешамандам, дар оғӯши модари заҳматқаринам хумоюнбахт мебудам. Тарс аз он надоштам, ки ин ганҷро рӯзе аз ман мебароянд, ман тиҳидасту бемуттако мемонам. Аслан ман он вақт ба қадри ин ҳама мерасидам, чунон ки имрӯз? Гумон мебурдам, ин рӯзгор ба мисли дунёи пир, ҳамонанди Офаридгор ҳамешагист. Аммо расид рӯзе, ки ман ин ҳамаро бохтам. Сипас хушёр шудам. Акнун ман ба ёди ин рӯзҳои тиллоӣ зиндагӣ дорам. Ай Эзиди пок! Тавонам деҳ, ки он ҳама лаҳзаҳои гузаштаро, арчӣ гоҳу ширину гоҳи дигар талх буданд, зинда гардонам. Парвардигоро, бо номи покат оғоз мекунам!
Бубахш, модарчон, бубахш, ки кайҳост ман сари хоки покат нарафтаам, сабзаҳои рӯйи марқадатро бо ашки чашм шодоб накардаам. Оё медонӣ, ки фарзанди ноорому шӯху шанги туро сарнавишт куҷоҳо бурда? Ва бо чӣ касу нокасоне рӯ ба рӯву бо чӣ зотҳое ҳамнафас сохта? Аёнат ҳаст, ки фарҷомгоҳи ту барои ин фарзанди ранҷурат дигар дастнорас аст? Ҷисми ман ин сӯйи симхор асту хоки азизони ман он сӯйи сарҳад... Ман акнун амиқ дарк намудаам, ки табардастони замон дар баробари марзу буми мо равони моро низ пора-пора кардан мехоҳанд. Э, войи мову ман! Э, хок бар сарам!
Оҳ, хумори баҳори дерраси кӯҳистони Сӯх мегирадам! Чашм мепӯшаму худро дар зодгоҳи биҳиштосо меёбам... Сарлучу пойлуч аз пайи бузу бузголаҳо ба доманаҳои кӯҳи Ровон метозам,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё