Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
ПЕШГУФТОРИ
НАШРИ СЕВУМ
«Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад» аз ҷумлаи нахустин китобҳое дар Тоҷикистон аст (шояд нахустин китобе бошад), ки ба он чӣ банда мехоҳам илми фарҳанги сухан номгузорӣ гардад, бахшида шудааст.
Илми фарҳанги сухан бахше аз забоншиносии амалӣ буда, дар забонпажӯҳӣ аз вазъи рӯз, масъалаҳои кунунӣ ва инкишофи забони миллӣ, омилҳое, ки ба пешрафти забон мусоидат доранд ва равандҳое, ки дар роҳи такомули забон монеа эҷод кардаанду метавонанд ба забон осеб оваранд, аз равияҳои мусбат ва манфии имрӯзи забон баҳс мекунад, то ки рушди забонро зери назорат дошта бошем ва онро ба ҷараёни матлубу пурсамари камолот ворид созем. Лозим аст, ки ҷомеа аз вазъи забони миллӣ, муҳимтарин масъалаҳои пешрафти он огоҳӣ дошта бошад ва дар ҳаққи забон ғамхорӣ зоҳир намояд, барои ин ки забони миллӣ тавоно, зебову шево гардад, чораҳо биандешад. Ҷомеа ин вазифаро тавассути илми фарҳанги сухан иҷро мекунад. Забоншиносии амалӣ дар хидмати миллат ва забони миллӣ буда, барои ошкор кардани мушкилот ва ёфтани роҳи ҳалли масъалаҳо ба ҷомеа мадад мерасонад.
Зарурати мубориза дар роҳи боло бурдани фарҳанги
забон дар садаи бист пайдо шуд. Асри бист сахт маънавиятситез ва миллиятзудо омад. Забонҳо ва фарҳангҳои миллӣ зиёд хароб шуданд. Бар сари фарҳанг ва забони мардуми тоҷик низ рӯзҳои сахт омад. Инқилоби
болшевикии пантуркистон ва сиёсати миллии империявии шӯравӣ фарҳанги миллӣ ва забону адабиёти тоҷикони Мовароуннаҳрро аз роҳи рушди табиии даврони маорифпарварӣ берун карда, ба бероҳаҳо бурд. Инкишофи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё