Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

АдабиётФарҳангМаърифат
Аз аввал хондан

Чнде аз тарҷмонҳову виросторон фарҳангӣени намоён ва хушсавод буданд, тарҷума бештар баргардони ҳарф ба ҳарф буд, ки гӯё на тарҷума, балки маводе барои тарҷума омода кардаанд.

Ин гуна нуфузи пурзӯр ва рӯзафзуни забони русӣ ба забони тоҷикӣ таъсири харобкор гузошт ва аз солҳои сӣ бисёре аз навиштаҳои тоҷикӣ низ ранги русӣ гирифтанд, ки гоҳ ба тарҷумаи пурнуқсон монанд ва номафҳум буданд. На танҳо навиштаҳои сиёсӣ, балки бисёре аз дигар мақолаву китобҳое, ки дар бораи тиббу беҳдошт, кишоварзӣ, саноату сохтмон, илмҳои гуногун чоп мешуданд, гӯё тарҷума аз русӣ буданд. Сохтори забон дар ҳама сатҳҳо рӯ ба харобӣ оварда буд.

Маводи бешумор, ки дар китоби «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад» гирд омадааст, аз ҳамин ҳақиқат гувоҳӣ медиҳад.

Ин китоб бо нияти пешгирии харобиҳои забони миллӣ, бо мақсади ҳушдор додан, ки аҳли ҷомеа аз вазъи забон ва харобии рӯзафзуни он ноогоҳ намонанд, навишта шуда буд. Мақсад пешгирии равандҳои номатлуб ва даъват ба ислоҳи ҳол маҳсуб мегардид.

Гирдоварии маводи ин китоб ва пажӯҳиши илмии он чандин сол идома дошт. Оғози он аз як супориши шодравон Муллоҷон Фозилов аст. Узви вобастаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Муллоҷон Фозилов аз соли 1951, аз аввали таъсиси Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти ба номи Рӯдакӣ раиси он таъин шуда, ҳамон сол бо хоҳиши устодам зиндаёд Шарифҷони Ҳусайнизода, ки мудири шуъбаи адабиёти он пажӯҳишгоҳ буд, бандаро ба он шуъба ба кор овард. М. Фозилов соли 1953 ба муносибати мубоҳисаи забоншиносии рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» ба ман супориш дод ва маро маҷбур кард, ки дар бораи забони барномаҳои радиои Тоҷикистон мақолае бинависам. Чун ин мақолаи ман дар «Тоҷикистони сурх» чоп шуд, устод Айнӣ онро маъқул донист ва дар пеши нависандаҳои бисёре гуфт, ки бояд навиштани чунин мақолаҳоро идома бидиҳам. Банда ин супориши устод Айниро ба ҷон пазируфтам ва ҳама умр кӯшидам, ки васияти ӯро ба қадри ҳол иҷро бикунам. Устод Айнӣ ва Муллоҷон Фозиловро як умр сипосгузорам, ки маро аз овони ҷавонинам ба як самти муҳими ҷустуҷӯҳои пажӯҳишӣ раҳнамун шуданд ва дар ҳама зиндагии ман нақше гузоштанд.

Маводе, ки гирд меомад, кам-кам дастабандӣ шуда,

пешина
аз 393
навбатӣ