Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид якдилона маъқул дониста, қабул шуд, олимон, мутахассисон ва роҳбарони сатҳи гуногуни мамлакатамонро водор менамояд, ки мазмуну муҳтавои ин ғояи басо муҳими аҳамияти умумибашарӣ доштаро амиқ ва васеъ дарк намоянд, баҳри бемайлон иҷро шудани он устуворона қадам гузоранд, чораю тадбирҳои ҳалли ин қазияи бисёрпаҳлӯро ҷустуҷӯй ва дарёфт намоянд, то ин ки ба ҳадафу мақсадҳои созанда, ҳар чӣ зудтар дастдарёб гардем бо ҳамин васила зиндагии осоиштаи мамлакат ва саломатии сокинони онро беҳтару хубтар таъмин намоем.

Омӯзиши ҳаматарафаи кӯлҳои гилҳояшон шифобахш, ба истифодаи амалӣ пешниҳод ва оқилонаю самарабахш корбаст намудани ин манбаъҳои нодири табиати мамлакат, қадами ҷиддӣ баҳри беҳдошти саломатии сокинони мамлакат ва рушди устувори ватанамон хоҳад гашт.

Тоҷикистон кишвари кӯҳсору офтобрӯя буда, дар қисми ҷанубу шарқии Осиёи Миёна, дар байни арзҳои 360 401 ва 410 051-и шимолӣ ва тӯлҳои 670 311 ва 750 141-и шарқӣ воқеъ мебошад. Масоҳати Тоҷикистон 142,6 ҳазор километри мураббаъро ташкил дода, хобиши арзӣ дорад, аз ғарб ба шарқ ба масофаи 825 км ва аз шимол ба ҷануб ба масофаи 509 км тӯл кашидааст. Тоҷикистон дар ҷануб ба масофаи 1030 км бо Афғонистон, дар шарқ ба масофаи 519 км бо Ҷумҳурии Чин, дар шимолу ғарб бо Ӯзбекистон (910 км) ва дар шимолу шарқ ба Қирғизистон (630 км) ҳамсарҳад мебошад.

пешина
аз 93
навбатӣ