Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

АдабиётҚисса

Беватан нест гарибе, ки кунад ёди Ватан.

Субҳ ҳамсараш сари дастархон оби чашм карду димоғи мӯйсафед сӯхт.

— Ношукрӣ накун, кампир, шукри амониву сериву пуривӣ. Хайр, як писари ту неку. Бисёри бачаҳои қишлоқ имрӯзҳо дар Русия. Ҷавонанд, мераванд кор мекунанд, зиндагӣ месозанд, ҷаҳон мебинанд.

— Соли гузашта баъди барфрезӣ омада буд, имсолам, ана, аллакай зимистон пушти дар. – Кампир оби чашмонашро бо нӯғи рӯймол тоза карда оҳи чуқур кашид. – Боз рӯзам буд шудагӣ ворӣ. Ҳар шаб хобҳои ғалатӣ мебинам. Кош дида ба дидори писари ягонаам мерасиду баъд.

— Бас акнун, — Абдулҳамид асабӣ шуда гапи занашро бурид. – Шукр кун, ки бачат солиму барои ёфтани рӯзии фарзандонаш ба ғарибӣ рафтааст. Бемор бошаду дар пешат гирифта шинӣ чӣ? Писари ягонаам, писари ягонаам. Гапат ҳамин. Шукрона, ки Худо ба ҳамин писари ягонаат се бачаи гул ворӣ додаасту рӯзҳои пиримона пур мекунанд. Дар бораи мурдан бошад, аслан фикр накун. Навбати ману ту ҳолӣ хеле дертар...

Дигар ҳарфе назаданд. Кампир пораи нони дар дасташ бударо ба даҳон андохту ҷуссаи наҳифу камҷони худро аз дастархон дуртар кашид. Аз гулӯи мӯйсафеди Абдулҳамид ҳам дигар чизе нагузашт. Омин карда аз ҷой хест ва аз мехи девор ҷомаи пахтагияшро гирифту аз сукути таҳдиқовари хона худро ба берун гирифт. Чанде рӯи ҳавлӣ фикркунон ин сӯву он сӯ қадам зад. Самандари ҳамсоя ду ҳафта пеш боғчаи ҳавлияшро побел карда, алафҳои худрӯйро решакан ва лаби ҳисор гузошта буд, ки акнун онҳо зард гашта ба

аз 164
навбатӣ