Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

10,5 грамм гулашро кӯфта бихӯранд, захми рӯдаҳоро шифо мебахшад.

Барги тарашро бо сирко пухта гузошта банданд, дарди сипурзро дафъ мекунад.

Гули қисми печаки бесамарро бихӯранд ё кӯфтан онро занҳо аз таг бардоранд, ҳайзро равон мегардонад. Агар инро сӯхта, занҳо баъд аз пок шудан аз ҳайз дудашро ба поёни шикам ва миёни пойҳои худ бигиранд, ҳомила шуданро манъ мекунад.

Баргашро кӯфта, бо асал сиришта, занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи бандшударо равон мекунад. Бо оби баргаш занҳо андоми шарм ва даруки онро бишӯянд, бадбӯии даруни бачадонро дафъ мекунад.

Оби барги тари печаки сафеди калонро бимоланд, варамҳои гарми буғумҳоро таҳлил медиҳад, пучак ва чиртакҳоро мекафонад.

Барги тари онро дар равған пухта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил ва дардҳоро таскин медиҳад, мондагиро дафъ месозад, вале нопухтан онро кӯфта гузошта банданд, ҷароҳатҳои калон ва сӯхтагии оташро шифо мебахшад.

Усораи онро, яъне оби онро, ки дар офтоб ғафс гардонида бошанд, бо мумравған сиришта гузошта банданд, низ сӯхтагии оташро сиҳат мекунад.

Қисми сиёҳи онро, яъне печаки ғулашро кӯфта гузошта банданд, захмҳои хабисаро (злокачественные язвы) шифо мебахшад.

Барги қисми бесамари онро пухта гузошта банданд, ҷароҳатҳои бадбӯй ва раддиро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад ва сӯхтагии оташро ба ибро меоварад.

Усораи печаки сиёҳро ба мӯй бимоланд, онро сиёҳ мекунад.

Қисми печаки бесамарро кӯфта, бо шароб сиришта гузошта банданд, газидани ғундарро даво мешавад.

Мизоҷи қисми печаки калон, ки баргаш моил ба сиёҳӣ, дароз ва шахшӯл мебошад, хунук ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, дарди узвҳои даруни сина, сурфа, бемориҳои сипурз, қулинҷ ва табҳои кӯҳнаро шифо мебахшад.

75 грамм оби гиёҳи тари онро бо 35 грамм гули сурх бихӯранд, хунравиро аз ҳар як узве, ки бошад, қатъ мекунад.

Гиёҳи тари онро кӯфта гузошта банданд, ҷароҳатхоро

пешина
аз 702
навбатӣ