Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

ҳаммом кардан гузошта банданд, кӯтури решгаштаро шифо мебахшад; агар онро бо оби холис хамир сохта бибанданд, узвҳои сустгаштаро қувват мебахшад ва дарди онҳоро таскин медиҳад. Пухтаи онро бо шароб ё бо заъфарон пухта гузошта банданд, дарди узвҳои латхӯрда ва қатъшударо таскин медиҳад.
Мошро хоида гузошта банданд, узв ва ҷоҳои сар мозадаи баданро, агарчи кӯҳна шуда бошад, шифо мебахшад.

  1. Маргимоҳӣ

Ин гиёҳро кӯфта, дар об андозанд, моҳиёнро бе ҳис гардонида ва онҳо чаппа гашта ба рӯи об мебароянд, ҳатто мемиранд. Бинобар ҳамин маргимоҳӣ ном гирифтааст. Дар баъзе маҳалҳо тоҷикон инро думигоз низ меноманд. Қадди ин гиёҳ ба ҳисоби миёна то як метр мехезад, баргҳояш хокистарранги пашмакдор, ба рӯи замин паҳнгашта ва аз миёни он баргҳо пояаш мехезад. Аз нимаи пояаш то сар гулҳои зардранги он мешукуфанд. Дар тиб дар навбати аввал пӯсти пояи он, ки зардранг аст, ба кор меравад ва баъд аз он қисмҳои дигараш истифода мегарданд. Қувваташ то се сол боқӣ мемонад.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: пӯсти пояашро бихӯранд, ҳамаи навъҳои балғам, ахлоти ғафс (хоҳ сафро бошад, хоҳ савдо) бо исҳол дафъ мекунад, бодҳоро пароканда месозад; дарди буғумҳо, никрис (подагра) ва иркуннасо (радикулит)-ро шифо мебахшад, зеро ки ин хориҷкунандаи ахлоти ғафс аст аз рагҳо ва пайвандҳои бадан. Ин барои одамони сардмизоҷ, тармизоҷ ва балғамимизоҷ бисёр фоидабахш аст.
Вале ба дарун истеъмол кардани ин барои рӯдаҳо зарар дорад — давояш катиро ва арпабодиён хӯрдан аст ва инчунин худашро бо равғани бодоми ширин чарб кардан аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз ҳар як қисми он дар як рӯз бо шакар то 4.5 грамм аст. Агар онро дар об ҷӯшонида, он обро нӯшиданӣ бошанд, то 10,5 грамм ба об андозанд. Ин барои истиско, таҳлил додани варамҳои балғамӣ ва бодӣ даво мебошад.

пешина
аз 702
навбатӣ