Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

дандон бимоланд, дандонро мустаҳкам ва зардии онро дафъ мекунад.

Марҷонро сӯхта, дар об шуста, баъд хушк карда, чун сурма ба чашм кашанд. обилаҳо, обирави, кӯтур, силпукӣ ва монандӣ ин иллатҳои чашмро шифо мебахшад ва инчунин чашмро қавӣ мегардонад. Агар онро бо равғани баласон даромехта, дар гӯш чаконанд, гаронӣ ва карии гӯшро сиҳат мекунад.

Ҳаким Аминуддавла гуфтааст, ки чун се рӯз ҳар рӯз 2 грамми онро бо сиканҷабин бинӯшанд, варами сипурзро таҳлил медиҳад ва гиреҳи даруни онро мекушояд. Ва агар сӯхтаи онро бо об биёшоманд, дар ин амал қавитар мегардад.

Маҳлули марҷонро биёшоманд, иллати маҳавро шифо мебахшад.

3–5 грамм аз марҷони соида биёшоманд, бар зидди тамоми заҳрҳо тарйек мебошад.

Агар онро бар меъда биёвезанд, ҳамаи иллатҳои меъдаро нафъ дорад, тарс ва хавфи кӯдаконро дар ҳангоми хоб дафъ мекунад.

Вале истеъмоли марҷон ба дарун барои гурда зарар дорад ва дилро беҳузур (беҷо) мекунад.

Давои ин зарарҳояш катиро хӯрдан аст.

Миқдори як бор хӯрдан аз марҷон дар як рӯз то 4.5 грамм аст.

Яке аз хусусиятҳои марҷон он аст, ки чун тилло ва нуқраро аз ҳар яке ба миқдори марҷон дарҷам гудохта, ангуштарини бонигин аз он тартиб дода, марҷонро ба нигини он ҷо диҳанд. дар вақте ки Моҳ ва Офтоб дар ҳалди интиҳо ва худ муқоранат (наздикшавӣ) ба сайёраи Зӯҳра дошта бошад, гирифтори иллати саръ онро бо худ нигоҳ дорад, дарҳол иллаташ бартараф мегардад; инчунин дорандаи он ангуштарро ҳаргиз ғаме намерасад.

Марҷони сиёҳи сӯхтаи шусташуда барои дил, ки заиф бошад, бағоят қувватбахшӣ дорад.

Дар омади гап, тариқи сӯхтани марҷон ин аст. Марҷонро реза-реза карда, дар кӯзаи сафолин андохта, даҳанашро бо гили ҳикмат ё бо гили бӯта маҳкам карда, як шаб дар танӯри тафсон гузоранд. Пас бароварда соида, истеъмол намоянд. Шарташ ҳамин, ки дар танӯр набояд сӯхта монанди хокистар гардад.

пешина
аз 702
навбатӣ